Нархи картошкаро интихоботи Афғонистон гарон кард? Фарзияи Валиев
Сироҷиддин Валиев, раиси иттифоқи «Тоҷикматлубот» сабаби болоравии нархи картошкаро дар бозорҳои Тоҷикистон ба вазъи сиёсии Афғонистон ва интихоботи президентии ин кишвар марбут донист.
Валиев имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид намуд, ки нархи картошкаро дар Тоҷикистон воридоти он аз Покистон, ки тавассути қаламрави Афғонистон сурат мегирад, муътадил нигоҳ медошт. Аммо ба далели интихобот воридоти он коҳиш ёфта боиси гаронӣ шудааст.
Раиси “Тоҷикматлубот” инчунин пӯсидани картошкаи истеҳсоли дохилиро, ки Вазорати кишоварзӣ пеш овардааст, шубҳаовар хонд. Ӯ гуфт дар “Тоҷикматлубот” ҳолатҳои пӯсидани картошка сабт нашудааст ва дар назар аст, ки барои тирамоҳу зимистони дарпешистода 10 000 тонна картошка захира намоянд.
Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Ҳотамов, муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон 17-уми июл, зимни як нишаст дар Душанбе омили афзоиши нархи картошкаро ба набудани яхдонҳои нигоҳдорӣ барои ин навъи маҳсулот рабт дод. Давлаталӣ Ҳотамов аз ҳисоботи Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ ба президент дар бораи истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка дар кишвар ҳимоят намуда, изҳор дошт, ин омор воқеист, аммо бисёри картошкаи истеҳсолшуда ба далели набудани яхдонҳои нигоҳдорӣ пӯсидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |