Коҳиши боркашонии байналмилалӣ дар Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умум 9,4 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,8% зиёд мебошад.
Хайрулло Асозода, вазири нақлиёт имрӯз,18-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз ҳаҷми умумии мусофирбарӣ 542,2 ҳазор мусофир ба нақлиёти ҳавоӣ ва 211,4 ҳазор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
Номбурда иброз намуд, ки дар ин давра ба 89,8 миллион мусофир хизматрасонӣ шудааст.
Хайрулло Асозода мегӯяд, дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилии 37 давлати хориҷӣ ва ширкатҳои ватанӣ ҳаҷми боркашонӣ 654,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба шашмоҳаи соли сипаришуда 30,2% коҳиш ёфтааст: “Дар ин самт интиқоли мусофирон бошад 49,3 ҳазор мебошад, ки нисбати 6 моҳи соли гузашта 50,3% кам аст”.
Хайрулло Асозода афзуд, ки ҳиссаи автомошинаҳои Тоҷикистон дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 49,8%-ро ташкил додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |