Ифтихорномаи Қаҳҳор Маҳкамови 82-сола дар Маҷлиси Миллӣ
Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури нахустини Тоҷикистон, бо ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) қадрдонӣ шудааст.
Ин ифтихорномаро ба ӯ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар ҳошияи иҷлосияи 18-уми палатаи болоии парлумони кишвар тақдим кардааст. Инчунин, дар баробари раиси ҷумҳури пешини Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Заррина Раҷабова, Матлубахон Сатториён ва Абдулҳафиз Азизов, аъзои дигари Маҷлиси миллӣ ба хотири саҳмгузорӣ дар таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ бо ин ифтихорнома сарфароз шудаанд.
Қаҳҳор Маҳкамов, зодаи шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, аммо дар муддати кӯтоҳ (1991) ба истеъфо рафт. Баъд аз ӯ курсии президентӣ ба Раҳмон Набиев насиб кард, вале ӯ ҳам дер напоид. Севумин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда, 22 сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад.
Маҳкамов рӯзи 22 майи соли ҷорӣ дар маҳфили “Бунёди муколамаи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов иштирок карда, ба суоли ҳозирон дар бораи ҳодисаҳои солҳои навадуми қарни гузаштаи Тоҷикистон посух дод. Ин бори аввал буд, ки Қаҳҳор Маҳкамови 82-сола дар рӯбарӯи хабарнигорон, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва таърихнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта суҳбат кард. То ин дам оқои Маҳкамов қисман дар бораи ин ё он масъалаи марбут ба ҳаводиси солҳои навадум бо хабарнигорон суҳбат карда, аммо ҳамеша аз тафсилот худдорӣ кардааст. Ҳатто ӯ гуфта буд, қасд надорад дар ин бора китоби хотираҳои худро бинависад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |