Вазир: Ифшои ҷинояткории “муллоҳо” талаби мардум аст (ВИДЕО)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии 18-уми июл дар Душанбе махсус роҳандозӣ шудани “шикор”-и муллоҳо дар кишварро рад карда, изҳор дошт, ки “ин чорабинии муқаррарӣ аст”. Раҳимзода гуфт, “ин чи хел шикор аст, ки онҳо ҷиноят содир карда истодаанд. Рӯирост ноболиғон ва хоҳару модарони моро фиреб мекунанд.”
Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ифшои ҷиноятҳои “муллоҳо” бештар бо арзу шикоят ва талаби мардум сурат мегирад: “Ҷабрдидаҳо зиёданд. Вақте мо чанд чунин ҷиноятро ошкор кардему тариқи телевизион намоиш додем, мардум хоҳиш намуд, ки бештар чунин ҷиноятҳоро ошкор кунем, то фирефтаи чунин афрод камтар шаванд.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти қудратӣ тариқи телевизионҳои давлатӣ наворҳоеро ба намоиш гузоштанд, ки ин ё он нафар, ки ба ҳайси “мулло” муаррифӣ мегардад, амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ба ин монанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет ҳам филмҳое бо номи “Нури наҳзат” пайдо шуданд, ки худро бахши амнияти дохилии Ҳизби наҳзати исломӣ гуфта, наворҳои ошкори фаҳшро нишон медиҳанд. Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мутааллиқ будани студияи “Нури наҳзат” ба ҳизбашонро рад карда, онро кори дасти мақомот донистанд, ки гӯиё барои бадном кардани ҲНИТ ва аъзои фаъоли он роҳандозӣ шудааст. То ин дам Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон наворҳои “Нури наҳзат”-ро танқид карда, роҳ наёфтани он ба интернетро хостаанд.
Видеои суҳбати Раҳимзода дар бораи боздошти "муллоҳо"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |