Сафиаллоҳ Девонаев, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутшаккили Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи аввали соли равон 5 ҳолати амалиёти террористӣ пешгирӣ карда шуд.
Девонаев дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки аз рӯи ин панҷ ҳолат 8 нафар боздошт шудаанд, ки ҳадафи таркондани корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, “ТАЛКО”, ҳукумати шаҳри Душанбе, ВКД ва додситонии шаҳрро доштаанд.
Ба иттилои Девонаев ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, феълан тафтишоти парванда алайҳи онҳо идома дорад. Видеои суҳбати Девонаев дар бораи боздошти муттаҳамон ба терроризм
Мӯҳр