Ҷаримаи фарзандони вазир, занги президент ва гумшавии ноболиғон (ВИДЕО)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, дурбин ё камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар” ҳамаи иштирокдорони ҳаракати роҳро, сарфи назар аз мансабу мақомашон, ҷарима мебандад. Оқои Раҳимзода ин ҳарфҳоро дар нишасти матбуотии 18 июл дар Душанбе баён дошт.
Ӯ дар идома ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар бораи он ки оё боре худи вазир ҳам ҷаримабандӣ шудааст, ё не, чунин ҷавоб гуфт: “Бо мошини хидматӣ бошам, ҷарима намебанданд. Агар бо мошини шахсӣ бошам, ҳатман ҷаримабандӣ мешавам.”
Видеои суҳбати Раҳимзода дар бораи ҷаримабандиҳои "Шаҳри бехатар"
Раҳимзода изҳор дошт, барои гузашт накардани кормандони “Шаҳри бехатар” дастур додааст, ҳама, аз ҷумла фарзандони худаш низ ҷаримабандӣ шаванд: “Чанд бор фарзандонам ҷарима шудаанд.” Ба итилои вазири умури дохилӣ, феълан марҳилаи дуюми “Шаҳри бехатар” пурра фаъол шуда, дар 71 чорроҳаи пойтахт дурбинҳо назорат мекунанд. Ӯ илова кард, то кунун тариқи камераҳои назоратӣ ронандаҳо дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, барои вайрон намудани тартиботи корӣ 11 корманди “Шаҳри бехатар” ҷазо гирифтаанд.
“ГУНАҲКОРОНИ ҚАЗИЯИ ХОРУҒ МУҶОЗОТ МЕШАВАНД”
Вазири умури дохилии Тоҷикистон, инчунин, аз фаъолияти гуруҳи корӣ, ки ба таҳқиқи қазияи ахири Хоруғ машғул аст, тавсиф намуд. Ба иттилои Раҳимзода, ҳоло тафтиши тирпаронии рӯзи 21 май дар Хоруғ идома дорад. Ӯ изҳор дошт, баъд аз анҷоми тафтишот ва муҷозоти гунаҳкорон дар бораи ин ҳодиса иттилои бештар дода хоҳад шуд.
“ҶУСТУҶӮИ АРАЛОВАҲО ИДОМА ДОРАД”
Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ин нишасти хабарияш ба масъалаи гумшавии ноболиғон дар кишвар низ дахл кард. Рамазон Раҳимзода гуфт, аз 167 ноболиғе, ки беному нишон шудаанд, маъмурони пулис 164 нафари онҳоро пайдо намудаанд. Дар мавриди хоҳарон Араловаҳо, ки баҳори соли 2013 гум шуда буданд, вазир афзуд, “феълан кофтукоб идома дорад”. Раҳимзода дар идомаи мавзӯи ноболиғон махсусан ҷинояткории наврасонро мояи нигаронӣ хонд, ки сарфи назар аз талошҳои пулис ин раванд рӯ ба афзоиш доштааст.
ЗАНГИ ПРЕЗИДЕНТ
Дар лаҳзаҳои гуфтугӯи вазири умури дохилӣ бо хабарнигорони расонаҳои дохилу хориҷ, телефони ӯ занг зад. Рамазон Раҳимзода гуфт, президент занг мезанад ва бо иҷозаи хабарнигорон барои 5 дақиқа дар нишасти матбуотӣ танаффус эълон шуд. Баъди танаффус вазири умури дохилии Тоҷикистон ба ҳолатҳои худкушӣ дар кишвар дахл карда, изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 318 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки аз ин ҳисоб 24 нафар ноболиғ ва 153 нафар зан мебошанд.
Вазири умури дохилӣ иллатҳои асосии худкуширо дар Тоҷикистон бемории руҳӣ ва муноқишаи оилавӣ арзёбӣ намуд.
Наздикони Эмомалӣ Раҳмон мошинҳои дуздӣ надоранд
Раҳимзода бори дигар дар дасти атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доштани мошинҳои дуздиро аз Олмон рад карда, афзуд, аз 78 мошини дуздие, ки дар кишвар ошкор шудаанд, ягонтояш ба корманди давлатӣ тааллуқ надорад: “Мо ҳар яки соҳибони ин мошинҳоро медонем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |