46,6 млн. сомонӣ – қарзи идораҳои давлатӣ аз кормандонашон
Сумангул Тағоева -- вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз сари вақт пардохт нагардидани маоши кормандон аз тарафи масъулони баъзе идораву корхонаҳои давлатӣ изҳори ташвиш кард. Хонум Тағоева, ки дар нишасти хабарии 17 июл суҳбат мекард, гуфт, ниҳодҳои давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 46,6 миллион сомонӣ маоши кормандони худро надодаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 баробар ё худ 35 миллион зиёдтар мебошад.
Номбурда афзуд, қарзи аз ҳама бузурги ниҳодҳои давлатӣ дар назди кормандонашон дар соҳаҳои нерӯи барқ, газ ва таъмини об боқӣ мондааст, ки 29,4 миллион сомонӣ ё 64%-и қарзи умумиро ташкил медиҳад. Сумангул Тағоева гуфт, “сабабҳояш маблағгузорӣ нагардидани “Барқи тоҷик”, идораи хоҷагиҳои оби ҷумҳурӣ, ҷамъоварӣ нагардидани андозҳои маҳаллӣ, пардохт нагардидани ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби истифодабарандагон ва ғайра ба ҳисоб меравад”.
Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иброз доштанд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ, инчунин, ҳолатҳои истисмори кормандон ба қайд гирифта шудааст, ки вобаста ба ин 7 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Сумангул Тағоева дар ин нишасти хабарӣ таъкид кард, ки дар ин нимсола музди меҳнати миёнаи кормандони ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ 837 сомонию 81 дирамро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4% афзудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |