Бахшҳо

Маркази миллии тестӣ: Ба қаллобону порагирон бовар накунед!

Маркази миллии тестии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз довталабону волидонашон хостааст, ки соли равон барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо беҳуда пора надиҳанду “тағобозӣ” накунанд.

Ин ниҳод, ки соли равон масъулияти дохилшавии довталабонро ба уҳда дорад, ҳушдор додааст, бархе аз қаллобону фасодкорон талош мекунанд, барои дохилшавии довталабон маблағ гиранду ваъдаҳои бардурӯғ медиҳанд: “Шахсони қаллоб барои амалӣ намудани ниятҳои нопок аз номҳои бардурӯғ ва сохтакорона, ки гӯиё дар Маркази миллии тестӣ кор мекунанд ва ё бовар мекунонанд, ки бо “ин” ё “он” корманди марказ ҳамкорӣ доранд, ба обрӯ ва эътибори марказ таъсири манфӣ расонида, боварии ҷомеаро нисбати низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ коста менамоянд. Бо тамоми масъулият ба мардум изҳор менамоем, ки имтиҳонҳои марказонидаидохилшавӣ ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, имконияти дахолати беруна ва тақаллуб аз байн бардошта, ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва беадолатиҳо дар низоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ хотима бахшида мешавад”.

Ин иттилоияи Маркази милли тестии назди президент дар пайи хабари Оҷонсии зидди фасод дар бораи боздоштти як омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббӣ нашр гардид. Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ аз боздошти ассистенти кафедраи «Физиолигияи нормалӣ», муаллимаи 56-солаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон хабар дод, ки барои дохил намудани довталаб 11 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудааст ва гӯиё 2 ҳазор доллари он барои “Неъмат” масъули Маркази миллии тестӣ пешбинӣ шудааст.

Аз Маркази милли тестӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки баъди пахши ин хабар бо муроҷиати Оҷонсии зидди фасди молӣ онҳо руйхати тамоми кормандонашонро пешниҳод карданд, ки чунин шаҳс бо номи Неъмат дар ниҳодашон кор намекунад.

Ин ниҳод бори дигар таъкид намуд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соли равон ба таври шаффоф ва одилона бе дахолати беруна ва тақаллуб сурат хоҳанд гирифт.
Мӯҳр
поаргири буд хаст ва мемонад
Факат онхое ба даст меафтанд ки крайни хастанд ва ё ба касе нафоридестанд. Далел мехохен мархамат муовини декани факултети журналистикаи донишгохи миллира чанд мох пеш ба доллар капидануш баъди ду руз озод шид. хеч кас дар хеч кучо хабар надод. кани журналистои хакикатгу хакиката нависен. агар шархи мара чоп накунен дига шумода бовар надорам ва дар Интернет ира ошкоро менависам.

Мухтарам кормандони ММТ. Як хафта пеш аз огози имтихонхои компоненти 1 дар дасти баъзе аз одамон саволхо пура бо чавобхояш буд. хам аз компоненти 1 ва хам аз компоненти 2. Боз онхо худро таъриф мекарданд, ки мо тавонистем ин саволхоро дастрас намоем. Албатта, ба базаи саволхо хама кормандон дастраси надоранд. Пас ки онхоро ба баъзе аз довталабон додааст

Darvesh
хабиб,
Ku notars boshi bnavis. Khudi ozodagon sukhanhoi turo dar injo nameguzorand. Chunki Ozodagon khudush ay soyai khudush bazur bazur gashtay! Ku mard boshi bnavis!!! Ozodagonham kharidagiyan!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)