Бахшҳо
17 июл 2014 10:55Хабарҳои ҷаҳон

Карзай: Аз дахолати хориҷиҳо дар интихобот хурсанд нестам

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури кунунии Афғонистон мегӯяд, аз дахолати хориҷиҳо дар раванди интихоботи президентии кишвараш чандон хурсанд нест.

Ӯ дар суҳбат бо Садои Амрико гуфтааст, дахолати хориҷиҳо дар интихобот ба маънои он аст, ки як кишвар ҳокимияти миллӣ надорад. Аммо ба гуфта Карзай, гӯиё ӯ аз маҷбурӣ ба дахолати кишварҳои дигар ба раванди интихоботи Афғонистон розӣ шудааст.

“Ба хотире, ки кишвар аз ин бунбаст берун равад розӣ шудем. Раисиҷумҳури нав зуд интихоб шаваду ба хостаҳои мардуми Афғонистон посухи хубе дода бошем. Дархости доктор абдуллоҳро пазируфтему иҷоза додем, то Созмони милали Муттаҳид дар раванди интихобот дахолат кунад. аммо аз ин хурсанд нестем,” - афзудааст Карзай.

Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии Афғонистон ахиран хабар дода буданд, ки ду номзади даври дуюми интихоботи ин кишвар дар мулоқот бо Ҷон Кери вазири умури хориҷии Амрико дар робита ба тафтиши саддарсадии овозҳо ва ташкили як ҳукумати ваҳдати миллӣ ба созиш расидаанд. Ба иттилои манобеи хабарии ин кишвар, гӯиё номздаҳои даври дуюми интихобот ба тавофуқ расидаанд, ки баъди бозшумории оро номзади пирӯзро қабул доранду ба дунболи ташкили як давлати ваҳдати миллӣ хоҳанд шуд.

Расонаҳои хабарии Афғонистон ахиран матни тавофуқи ин ду номзади даври дуюми интихоботи кишварашонро низ ба нашр расонданд. Тибқи тавофуқи ҳосилшуда номзади барандаи интихобот - раисиҷумҳури Афғонистон дар нахуст мақоми раёсати иҷроия ва дар муддати ду сол Луйи Ҷирга баргузор карда, низом аз президентӣ ба нахуствазирӣ тағйирдода мешавад.

Дар банди аввали тавофуқнома, аз ҷумла омадааст, ки барои тавонмандии мардум ва ниёзҳои таъмини сулҳу субот, амният, рушди иқтисодӣ, ҳокимияти миллӣ ва адолат ҳукумати ваҳдати миллӣ бояд як барномаи ислоҳотро роҳандозӣ кунад. Дар банди дуюм таъкид шудааст, ки раисиҷумҳури нави ин кишвар бояд Луйи Ҷиргаро барои тағйири Сарқонун даъват карда, то ду соли оянда мақоми нахуствазириро ташкил кунад. Инчунин то замони ташкили мансаби нахуствазирӣ тамоми масъулиятҳои онро раёсати иҷроия анҷом медиҳад. Ин мақом бо дастури раисиҷумҳур ва бо интихоби номзади дуюм баргузида мешавад.

Дар банди сеюм гуфта шудааст, раисиҷумҳур дар ҳоле, ки барои таъсиси мақоми раҳбарии мухолифин вазифадор шудааст, ин раҳбари мухолифин низ аз сӯи номзади дуюм интихоб хоҳад шуд. Банди дигари тавофуқнома таъкид менамояд, ки гузинишҳо дар мақомҳои калидӣ, аз ҷумла амнияти миллӣ, ниҳодҳои мустақил ва иқтисодии ҳукумат баробар аз сӯи раисиҷумҳур ва раҳбари мухолифин сурат мегирад. Инчунин раҳбарони вазоратҳо, додгоҳ ва дигар ниҳодҳои калидӣ дар сатҳи вилоят бо дар назардошти асли намояндагии одилона аз сӯи раисиҷумҳур ва бо мушовараи раҳбари мухолифин сурат мегирад.

Дар банди охирон зикр гардидааст, раисиҷумҳури нав тааҳҳуд мекунад, ки ҳадди ақал барои се моҳи оянда мақомҳои калидии амниятиро дар мансабҳои худ боқӣ мегузорад ва ҳукумати ваҳдати миллӣ низ ваъда медиҳад, ки дар давоми як сол ислоҳоти созанда дар низоми интихоботӣ барои беҳбуди норасоиҳои интихоботи гузашта хоҳад гузаронд.

Даврии дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июни соли ҷорӣ баргузор шуда, дар он ду номзад - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал мувофиқан 43,7 ва 33,8 дарсади раъйро ба даст оварда буданд, вориди рақобат шуданд. Оқои Абдуллоҳ як рӯз баъд аз баргузории интихобот мақоми баландпояи Кумисюни интихоботи кишварашро ба тақаллубкорӣ муттаҳам кард.

Абдуллоҳ ба далели сурат гирифтани тақаллубкории густурда ва бетаваҷҷуҳии мақомоти зиррабти кишвараш нисбат ба шикоятҳои ситоди интихоботии ӯ ҳамкории гуруҳаш бо кумисюнҳои интихоботии кишварашро қатъ карда буд. Ӯ аз намояндагони худ дар Кумисюни марказӣ ва вилоятии интихоботии Афғонистон давъат карда буд, ҳамкорӣ бо ин ниҳодро қатъ кунанду ба ситодҳояшон баргарданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)