Абдураҳимов: “Сокинони Одинабой бисёр мехоҳанд, дар Данғара зиндагӣ кунанд”
Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, гуфт, нақша доранд, сокинони деҳаи Одинабойи ноҳияи Шӯроободро, ки баҳори соли ҷорӣ дар пайи омадани сел хисороти моливу ҷонӣ диданд, ба ҷои дигар кӯчонанд. Аммо ба қавли генерал Абдураҳимов, талабҳои баъзе аз сокинон, ки бисёр мехоҳанд, дар Данғара зиндагӣ кунанд, монеи ин кор мешавад.
“Барои сокинони Одинабой дар Қумсангир ҷой ҷудо шудааст, аммо баъзеи онҳо талаб доранд, ки барояшон дар Данғара ҷой ҷудо кунанд”. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Хайриддин Абдураҳимов на ҳама ҷои Данғара барои зисту зиндагии мардум муносиб аст. “Бисёр ҷои ин ноҳия об надорад ва мо намехоҳем онҳоро аз як ҷои намешуданӣ ба ҷои мушкилтар барем”,-гуфт ӯ дар нишасти хабарии 17 июл дар Душанбе.
Вай илова кард, “дар байни сокинон шахсоне ҳастанд, ки мардумро гумроҳ мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |