Мулоқоти Зоҳидӣ бо Шимомура ва баҳси масоили сарҳадӣ
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Норимаса Шимомура, директори Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон вохурдааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, дидори Зоҳидӣ бо Шимомура рӯзи 16 июл дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои идоракунии сарҳадот ва таҳкими инфрасохтори сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин дар мавриди ҳамкории ҷониби Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи идоракунии босамари сарҳадот ва ҳамкориҳои наздисарҳадии байни Тоҷикистон ва Афғонистон бо дастгирии молиявии ҳукумати Ҷопон табодули назар сурат гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |