Бахшҳо
16 июл 2014 17:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти наздикони Мумтози ғӯрамарг ба додситонӣ аз болои пизишкон

Сайф Сафар, рӯзноманигор

Наздикони Мумтоз Ширинбекова, сокини шаҳри Хоруғ, ки дар пайи ҷарроҳии табибон даргузаштааст, алайҳи - Заррина Қурбонмаҳмадова ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Онҳо иддао доранд, ки Мумтози 26-сола ҳангоми таваллуди кӯдак ба ҷарроҳӣ ниёз пайдо карда, аммо бо иштибоҳи Қурбонмаҳмадова зинда намондааст.

Эҳсон Шогунов, ҳамсари Мумтоз Ширинбекова, дар сӯҳбат бо “Озодагон”, гуфт, касе дар ин қазия гунаҳкор аст, бояд ҷавоб бигӯяд. Ӯ дар посух ба ин савол, ки ба чӣ далел Заррина Қурбонмаҳмадоваро муттаҳам мешуморанд, гуфт, “монанди мо ҷабрдидаҳо зиёданд. Қаблан ҳам яке аз пешобдон, дигаре аз бачадонаш зарар дидааст. Соли 2004 Заррина Қурбонмаҳмадова барои фаъолияти ғайриҳирфаияш як баҳси додгоҳӣ ҳам кашида шуда буд, аммо пас аз ин ӯ боз ба фаъолияташ дар беморхона давом дод. Ҳоло фаъолияти Заррина маҳдуд шудааст ва ӯ танҳо дар ним баст кор мекунад”.

Эҳсон мегӯяд, Заррина пас аз ҷон додани Мумтоз танҳо як бор ба пеши ӯ омадааст. “Ӯ ҳатто маъзаратхоҳӣ накард ва худашро дар ин ҳодиса гунаҳкор намедонад”,-афзуд ӯ.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдаки Вазорати тандурустии Тоҷикистон, гуфт, ӯ ҳоло бо як сафари хизматӣ дар вилояти Бадахшон аст ва ба қазияи Мумтоз Ширинбекова низ расидагӣ хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки ҳадафи сафарашон дар маҷмуъ шиносоӣ бо вазъи тандурустии Бадахшон аст ва онҳо феълан дар роҳ ба Хоруғ қарор доранд. Раҳматуллоев илова намуд, ки бо вуҷуди муҳлати кӯтоҳи сафарашон ҳатман дар мавриди қазияи марги Ширинбекова суҳбатҳо анҷом хоҳанд дод. Эҳсон Шогунов ҳам мегӯяд, шунидааст, ки кадом ҳайате бояд барои таҳқиқи ин қазия аз марказ ба Бадахшон биёянд, “вале то ин лаҳза касеро надидаам”.

Шералӣ Раҳматуллоев дар маҷмуъ тасдиқ кард, ки ҳолати фавти модару кӯдак бо иштибоҳи пизишк ҳангоми таввалуд зиёданд. Ӯ дар мавриди муҷозоти чунин пизишкон афзуд, “ин дар салоҳияти мақомоти дахлдор аст, ки ҳар қазияро дар алоҳидагӣ таҳқиқ ва ҷазоро таъин мекунанд”.

Дар ҳамин ҳол фарзанди Мумтоз Ширинбекова ҷон ба саломат бурда, ба гуфтаи падараш вазъи саломатии ӯ хуб аст.
Мӯҳр
душанбе
Яу чиза ьакдиру насиб мегуянд. аз Худо бинед, умраш, ки тамом шудюа хар сабаб чон ба хак месупорад.

Абдуллох
Рости бисёр чойи даднокаст, ки ин гуна табибон руз то руз дар тамоми манотики кишвар авч гирифтааст ва намедонам, ки ин масъулини Вазорати тандурусти кучоро нигох мекунанд?! Дар холе хама медонанд, ки имруз тамоми донишчуёни мо алалхусус дар донишгохи тибби хамаи имтихоноро ба пул мехаранд пас худ фикр кунед, ки инхо то кучо метавонанд мардумро табобат кунанд?! Шукр гуед, ки аз ин зиёд талаф наёбад аз дасти ин табибони замонавии асри 21....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)