Бахшҳо

Шаҳзода дар бораи Айнӣ ва мухолифонаш: Аз кадом 75 зарбаи чӯб метарсем?

Шаҳзодаи САМАРҚАНДӢ,
рӯзноманигори тоҷик


Шаст сол пеш, дар таърихи 15 июл, адиби бухороие дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон даргузашт, ки ӯро ба шеваи раиси ҷумҳурони Шӯравӣ бо шукуҳу пурҷамоат ба хок супурданд. Тамоми форсизабонони Осиёи Миёна дар сӯгвори ӯ доғдор шуданд. Марде, ки дар аҳди амири Бухоро ба хотири ҳамроҳӣ бо ҷунбиши “ҷадидия” ба чӯб хӯрдан маҳкум шуд, вале баъд аз иҷрои ҳукми 75 зарбаи чӯб ҷон набохту ба бадтарин зиндони арги Бухоро андохта шуд. Аммо ӯ беҳушу нимаҳуш зиндониёнро ба бовар ва умед даъват мекард, ки ин рӯзҳо ба зудӣ поён хоҳанд ёфту ирода ва умеди худро аз даст надиҳед.

Дар ин рӯзҳои сахти зиндагӣ Садриддин Айнӣ ҳамчунон ислоҳталаб буду бовар дошт, ки бо роҳи ислоҳот мешавад, вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии Бухороро беҳбуд бахшид. Айнӣ, ки тоза ба ҷунбиши Ҷадидия пайваста буд, худро пойбанди назарияҳои Аҳмади Дониш ва Садри Зиё, аз равшанфикрони бонуфузи он даврон медонист. Ӯ танҳо замоне аз ислоҳотталабӣ даст кашид, ки танҳо бародари ӯ ба қатл расид. Он замон ӯ ба артиши рус пайваст.

Шаҳзода дар бораи Айнӣ ва мухолифонаш: Аз кадом 75 зарбаи чӯб метарсем?Садриддин Айнӣ беш аз ин ки адиб ва шоиру рӯзноманигор бошад, сиёсатмадор буд. Ӯ дар дохили кишвар бо мардуми худ буданро ба тарки кишвар тарҷеҳ дод ва тамоми умри худро дар роҳи босавод кардани мардуми нодору ситамдида сарф кард.

Айнӣ дар ёддоштҳояш аз васияти падари худ менависад, ки гуфта буд: “Ба ҳеч ваҷҳ мулло нашав, охунд нашав, муддарис шавӣ майли худат.” Васияте, ки Айнӣ то охири умр дунбол кард ва тамоми фаъолияти худро ба омӯзиш ва фарҳангу маърифат ихтисос дод. Аммо дар даврони ӯ ин ҳама ҳамроҳ бо сиёсат буд ва ӯ низ ночор сиёсатмадорӣ мекард. Сиёсати ӯ яке ба наъл задану яке ба мех задан буд ва ё ба қавли тоҷикон тавре рафтор мекард, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Ёр, ки давлати Шӯравӣ буд. Аммо борҳо аз ӯ ранҷид, гарчӣ ба хотири нуфуз ва эътибори ӯ байни мардум аз муҷозоти роиҷ мисли табъиду зиндон дар ҳаққи ӯ худдорӣ мекард.

Айнӣ то охири умр ба ин сиёсати худ идома дод. Муҳимтарин навиштаи ӯ “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки решаҳои адабиёти класикии тоҷикро ба шаффофтарин шева муаррифӣ кардааст, борҳо мамнуъ шуд. Аммо Айнӣ бо ин ки маҷбур буд дар ихтирои миллати ҷадиде ба ном тоҷик ва роҳандозии хатти сириллик бо сиёсати рӯз ҳамкорӣ кунад, бо навиштани ин китоб мехост, бигӯяд, “Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност!”

ШАСТ СОЛ БАЪД ДАР СОҲИЛИ ОРОМИ ИМРӮЗ

Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дигар на ҳама ин саргузаштҳои Садриддин Айнӣ ва ҳамроҳони ӯ дар ёдҳост ва на шароити он даврон. Шароите, ки ин гуруҳи равшанфикронро маҷбур ба гирифтани тасмимҳои душворе мекард, ки шояд дар шароити ором ва муътадил онҳоро ба зеҳни худ роҳ намедоданд. Айнӣ ҳарчанд чаҳорчӯби шеърро шикаст ва ба наср рӯ овард, аммо дар шикастани чаҳорчӯби давлати рӯз на тавонашро дошту на метавонист, ҷонбозӣ кунад. Яке аз сиёсатҳои дигари ӯ ин буд, ки бояд зинда монад ва муфид буд, на ин ки кушта шуд ва мардумро раҳо кард.

Аммо ҳоло беш аз 20 сол мегузарад, ки Тоҷикистон дигар ҷумҳурии Шӯравӣ несту фарҳангистону замини мустақил дорад. Бисёриҳо ӯро муқассир медонанд, ки гӯиё ӯ боиси маҳдуд шудани забони тоҷикӣ-форсӣ ба сатҳи маҳаллӣ шуда, қатъи робита бо форсии Эрону Афғонистонро замина чидаааст. Биёед, баргардем ба замоне ки Садриддин Айнӣ ва гуруҳи равшанфикрони тоҷик, ки худро дар охирҳои асри 19 дарсомӯзони мактаби Аҳмади Дониш ва Садри Зиё медонистанд. Ин ду чеҳраи шинохташудаи он даврон бо истифода аз нуфузи худ байни мардум ва ҳам байни охундҳо ва ҳам арги Бухоро аввалин гомҳои ислоҳотталабиро мебардоштанд.

ЗАБОН ОН АСТ, КИ МАРДУМ ФАҲМАД

Баҳсеро, ки Аҳмади Дониш дар бораи ба чолиш кашидани забони муғлақ ва пур аз муболиғаву мадҳсароёнаи он даврон шуруъ кард, ба фаъолиятҳои амалии Садриддин Айнӣ баъд аз ду даҳа анҷомид. Забони навиштории тоҷикони он даврон маҳдуд буд ба асноди расмӣ, молӣ, мулкӣ ва нигориҳои давлатии аморати Бухоро ва шеъру тазкираҳое, ки мардуми одӣ наметавонистанд, бихонанд.

Дар солҳое, ки Садриддин Айнӣ ва дигар ҷадидияҳо (ки дертар худро маорифпарварони тоҷик номиданд) шабу рӯз барои босавод кардани мардуми одӣ ва роҳандозии мадориси сабки тоза талош карданд. Забони халқро асос гирифтанду ба мардум навиштан ва хондани забонро омӯзонданд, ки қобили дарк ва фаҳми фаврии мардум бошад.

Дар замоне ки сарватмандон ва атрофиёни амири Бухоро ва охундҳои замон мухолифи босавод шудани мардуми одӣ ва тақсими китобҳое ба ғайр аз Қуръон буданд, Садриддин Айнӣ ва ҳамроҳонаш рӯзномаи “Шӯълаи инқилоб” чоп мекарданд ва аз тариқи писарбачаҳои мадориси хонагии худ байни хонаводаҳо тавзеъ мекарданд. Писарбачаҳое, ки метавонистанд, ин рӯзномаҳоро ҳам барои мардон ва ҳам барои занон бихонанду шарҳ диҳанд.

Садриддин Айнӣ ва ҳамроҳонаш барои ин мардум, ки аз онҳо бо номҳои ранҷбару ситамдида ёд мекарданд, мардуме, ки бархеашон ҳанӯз “барда” буданд, аз озодӣ ва ҳаққи интихобу эътироз мегуфтанд.

Баҳсҳое, ки ин рӯзҳо доман гирифта дар даврони Айнӣ низ шунида мешуд. Миёни ҷадидиҳои он даврон ва маорифпарварони баъдӣ ин баҳс вуҷуд дошт, ки дониш мардумро бояд иртиқо диҳад ё сатҳи нигориш ва баёни равшанфикронро поин оварад? Ин навъи баҳсҳо маъмулан ба ин натиҷа меанҷомид, ки бояд аввал аз мардум миллат сохт ва баъд барояшон илму дониш ва маърифат омӯхт.

Мардуме, ки наметавонад исми худро нависад, мардуме, ки ҳаққи интихоби замони хурду хоби худро надорад, чи гуна бояд Бедил хонад ё Аҳмади Донишу “Таҳзиб ус-сибён”, “Заруриёти динӣ” ва “Тартил ал-Қуръон” хонад? Ин китобҳои дарсӣ буд, ки дар даҳаи аввали қарни 19 барои мадориси усули ҷадид навишта шуда буд.

Ин таҳаввулоти давронро Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди фақиди тоҷик, мутаассир аз инқилоби соли 1905-и русӣ медонад ва ҳамин тавр мутаассир аз рӯзномаҳои нисбатан озоди русӣ ва туркӣ, ки аз тариқи Озарбойҷон ба Бухоро мерасид.

ТАҒЙИРИ ФАРҲАНГИ МАРДУМ


Чунин мерасад, ки дар ҳоли ҳозир низ дар ҷомеаи тоҷик равшанфикрон ҳанӯз барои мардуми одӣ ва бо ҳамон шеваи қадими асри 19 менависанд. Вале робита ончунон бо мардум надоранд. Чун мардуми имрӯзи тоҷик мисли қабл дигар бесавод несту бетаваҷҷуҳ ба сиёсати кишвар ва минтақа ҳам нест. Мардуми одӣ дар даврони Садриддин Айнӣ ба унвони раият ё “фуқаро” ёд мешуданд (дар Узбакистон ҳанӯз ба ҷои шаҳрвандон фуқаро мегӯянд) мардуми имрӯзи тоҷик, бахусус анбуҳи муҳоҷирони кории он ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаҳои васеътаре аз равшанфикрони тоҷик доранд, ки дар ватан бо ними нони хушк қаноат кардаанд. Мардумони печидаву боалоқа ва донишу орзуҳои баланд омодаи кашфи дунё ва ҷаҳонҳои дигаранд.

Равшанфикрони имрӯзи тоҷик, адибон ва шоирони муҳтарами тоҷик бояд раҳнамо ва ҳидоятгари ин мардум бошанд ва забони мардумро сайқал диҳанд ва барояшон адабиёт нависанд. Навиштаҳои Садриддин Айнӣ ва дигар адибони он даврон бешак ниёзҳои мардуми имрӯзи тоҷикро бароварда наметавонад. Аммо онҳо ҳанӯз барои ҳамон Одина ва Дохунда ва Гулнораҳое менависанд, ки устод Садриддин Айнӣ бо онҳо ҳамсоя буд.

Маориф ва фарҳанги тоҷик имрӯз ҳам мисли даврони Садриддин Айнӣ омехта бо сиёсат ва фурсатталабиҳои сиёсатмадорон аст. Ин аст, ки адибон ва равшанфикрону шоирони тоҷик гӯшагир ва танҳо хор шудаанд. На навиштаи худро мехоҳанд мунташир кунанд ва на дарёфтаи ҷадидиро мехоҳанд бори дигар баҳс кунанд. Нерӯи зиёде надоранд, азбаски кисаҳо холӣ аст. Ғамми нон ҳасту гӯшмуштоқе ҳам нест.

САДРИДДИН АЙНӢ МУҚАССИР БУД?

Бо ин ҳол, чунин ба назар мерасад, ки чашмҳои бисёре аз фарҳангиёни тоҷик ҳамчунон баъд аз як қарн ба дунболи нимаи холии пиёла аст, ба дунболи нимакунанда шуда, ба дунболи нимарезу пошхӯрда, нимае, ки дигар шояд ҳеч вақт ҷузъе аз Тоҷикистон нахоҳад шуд. Пурсиши аслӣ ин аст, ки ин фарҳангиён барои он нимае, ки ба таври расмӣ ва қонунӣ аз он тоҷикон аст, чӣ коре кардаанд ё қарор аст анҷом диҳанд, то вазъи забону фарҳанги тоҷикӣ рӯ ба беҳбуд оварад? Чӣ касоне метавонанд, кумак кунанд, ки дур аз сиёсат ва қудрат мондаанд ва тавони талош ва имкони таъсиргузории худро чун даврони Садриддин Айнӣ ва ҳатто дар даврони Лоиқ Шералӣ ба даст оваранд?

Нуктаи дигар ин аст, ки он равшанфикроне, ки имрӯз аз соданигории Садриддин Айнӣ меноланд ва ӯро боиси ақибмондагии худу имрӯзи тоҷикон медонанд, бояд ба худ ба ин савол посух диҳанд, ки чаро аз ҳамбастагӣ бо решаҳои худ, ки дар Эрону Афғонистон аст, метарсанд? Чаро аз вожаҳо ва таъбирҳои теҳронӣ ва кобулӣ ҳарос доранд.

Агар забони тоҷикӣ заиф ва нокоромад аст, пас, бояд чӣ кор кард? Русӣ навиштанро идома дод ё ҷуръа ҷуръа бо пазируфтани вожаҳои роиҷи форсии Эрон ва Афғонистон онро боз дубора ғанӣ кард?

ИСЛОҲТАЛАБОНИ ЗАБОНИ ТОҶИКИИ ИМРӮЗ

60 сол аз марги Садриддин Айнӣ мегузарад. 60 сол фурсат доштем, то барномаҳои маорифпарварони тоҷики қарни 19-ро идома диҳем, ки надодем. Ҷанг, фақр, истибдоди Шӯравӣ, озори ҳамсояҳо ва нигарониҳои зиёде аз Ислом ва исломгароён вуҷуд дорад. Аммо баҳонаҳои мушобеҳ дар даврони Садриддин Айнӣ ҳам вуҷуд дошт, вале талошҳое, ки дар он даврон анҷом шуд бо талошҳои баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ қобили муқоиса нест.

Баъд аз марги Лоиқ Шералӣ, ки ҳамроҳонаш талош кард дубора ваҳдати миллии тоҷиконро мустаҳкам кунад, дигар чӣ иттифоқи ҷадид рух дода, ки тарҳи барномарезишуда ва дақиқе танҳо дар роҳи иртиқои забони тоҷикӣ-форсӣ бошад?

Танҳо метавон аз маҷаллаи “Забони форсӣ” дар ин солҳои охир ёд кард, ки ба ҳиммати ҷамъи кӯчаке аз ҷавонони тоҷик мунташир шуд. Ин маҷалла ҳамон кореро мекунад, ки рӯзномаҳои Садриддин Айнӣ ва ҳамроҳонаш мекард: Босавод кардани мардум. Аммо ин бор на дар сириллик, балки форсӣ, ҳамон хатте, ки аз мо бо зӯр гирифтанду пайванди моро бо ҳамзабонон ва торихамон гусастанд. Маҷаллаи “Забони порсӣ” муҷаллаи кӯчаке аст ва чанд шумораи аз он бештар мунташир нашудааст. Аммо оё медонед, ки чӣ қадар баҳс ва таънаҳо пушти сари ин маҷалла ба по мехезад, ҳар вақт, ки тақсим шавад?

Ҷадидиён ва баъдан маорифпарварони аввали қарни 20 гуруҳе аз рӯзноманигороне буданд, ки аз тариқи Туркияи усмонӣ, императори рус ва ҷумҳурии Озарбойҷон санъати рӯзноманигорӣ меомӯхтанд ва дар аморати Бухоро идеяҳои нав пиёда мекарданд. Имрӯз низ гуруҳе аз рӯзноманигорони тоҷиканд, ки ин суннатро пайгирӣ мекунанд. Аммо ин бор аз расонаҳои кишварҳои ҳамзабон – Эрон ва Афғонистон ба пурсишҳо посух меҷӯянд.

Хушбахтона дар Тоҷикистон имрӯз касеро ба хотири ислоҳталабӣ ва ё омӯзиши хатти форсӣ муҷозот намекунанд. Аммо вазъият барои тоҷикони Узбакистон бе шабоҳат ба даврони Садриддин Айнӣ нест. Донистани хатти форсӣ ва иртибот бо кишварҳои форсизабон кофӣ аст, ки барчасби “исломгарои ифротӣ” сар аз зиндониҳои шабеҳи арги Бухоро дароваред. Аз ин ҷост, ки бӯйи ислоҳталабӣ дар байни онҳо шунида намешавад.

Аммо дар Тоҷикистон ҳам бо вуҷуди озодиҳои кӯчак ва шароити иртибот бо расонаҳои дигари форсизабон мухолифат бо омӯзиши хатти форсӣ ва баргаштан ба хатти ниёкон дар ин 20 соли гузашта коҳиш наёфтааст. Талоши так-таки рӯзноманигорон ва адибон бидуни барномарезии фарҳангистони Тоҷикистон ба ҷое нахоҳад расид.

ХАТТИ МУВАҚҚАТ ВА ФАРҲАНГИ МУВАҚҚАТ

Ба унвони касе, ки бо навиштани ин мақола мумкин аст, наздикони худро дар Узбакистон бо хатар мувоҷеҳ карда бошам, саволам аз онҳое, ки Садриддин Айниро муқассири носаломатии забони тоҷикӣ медонанд, ин аст, ки беҳтар нест ба ҷои ҳамла ба марде, ки 60 сол пеш ҷон ба ҷон офарин дода ва аммо дар чаҳорчӯби бисёр маҳдуди замон тавониста барои мо форсизабонон исми ҷадид, хатти ҷадид, кишвари ҷадид ва адабиёти навин бисозад, ба фарҳангистони давлати худ фишор орем, ки коре барои беҳбуди вазъи забон ва адабиёти имрӯзи тоҷикон анҷом диҳад?

Садриддин Айнӣ то охири умр бо хатти форсӣ навишт ва ҳеч гоҳ хатти сирилликро ҷиддӣ тамрин накард. Чун ҳамеша умед дошт, ин хат низ мисли хати лотинӣ муваққатӣ аст. Бале хатти сириллик барои мо форсизабонони Осиёи Миёна муваққатӣ аст. Часпидан ба хатти муваққатӣ ҳам фарҳанг, адабиёт ва ҳувияти муваққатӣ ба ҳамроҳ дорад.

То кай муваққатӣ ва иҷоранишини ақидаҳои Шӯравӣ бошем? То кай бо гузаштагони худ аз дур бо фосила ифтихор кунем? Аммо ҳеч гоҳ ба мероси онҳо нагардем, истифода накунем? То кай ҳарф занему амал накунем? Аз кадом 75 зарбаи чӯб метарсем?


Бознашр аз Би-би-сии форсӣ
Мӯҳр
Садрдин
чертуперт гоҳ ба наъл зада гоҳ ба сум(б) то фаришта будани Айниро исбот кунад Аммо Айнӣ Фариштаи наҷоти миллатам набуд
АЙНӢ ДАР ЯК КАЛОМ ТАРСУ БУД!

Инсоф
[b]Садрдин[/b бародар номатро дуруст навишта наметавониву устод Айниро тарсу мегӯӣ ?! Хеле ғайрат кардӣ некӣ. Айнӣ барои ин миллат хидматҳои зиёдеро кард вале агар медонист, ки иддае аз он носипосӣ мекунанд шояд каме роҳаттар зиндагонӣ мекарду аз аламҳои миллат камтар сухан мегуфт.

Офарин! Бехтарин суханхо......

Бонуи мухтара Шохзодахон, Масъалаи мавриди назари Шумо хеле дарднок ва дар навбати худ дар тамоми замон хеле мухим мебошад .На хар сохибкаламу сохибмаком ба масъалаи худшиносию худогохи, ки мехвари асосиаш такдиру кимати забони точики мебошад, таваччух менамуд ё аз хокимияти замон дар бораи кадру кимати арзишхои миллиро баланд доштан, даъво менамуд. Шумо аз хизматхои устод Мухаммадчон Шакурии Бухорои ва аз сиёсатмадорон аз талошхои сарвари Давлати Точикистон Эмомали Рахмон дар баланд бардоштани арзишхои милли ва пос доштани бузургони миллати точик сарфи назар карданатон боиси тааччуб аст. Бо вучуди ин барои чунин химмат ва часорат дар тахияи ин гуна маколаи хондани шуморо тахният мегуем. Зинда бошед ва Худо Шуморо дуст дорад.

Собири Омули
Устод Айни бузургтарин шахсияти миллии мо буд.У Тагори точикон,Тагори Осиёст!Навиштахои у дар киболи тундгароён ва ашхосе,ки аз даврони амир Олимхону босмачиёни гаддори турк ва муллохои бесавод,ки миллатро соли 1924 ба нести бурда буданд ва онхоро фаришта метарошанд ахамияти массусеро дар асри имрузи нанотехнология дар худ тачассуд менамоянд.Дуруст,аст,ки забон содда аст,лекин ин миллати сода ва бесаводро дар замони шуру ошуби инкилоби бо кадом рохи дигар аз вартаи чохилият баровардан мумкин буд.Рохи дигаре вучуд надошт.

Ofarin Shahzoda baroi chunin tahlil.

Чамолиддин
Ахсан, бехтарин матлаб,

ОФАРИН ШАХЗОДА БОНУ
дар хакикат зане ки мардона менависад.
хар касе ки заррае номуси милли дорад бояд дастгири ингуна идеяхо бояд бошад.

Мухаммад
Ман пешниход дарам,ки Варз ё Фалгарро баркарор кунем яъне номи С.Айниро аз ин нохия гирифта номи аслии ин нохияро баркарор кунем.Зинда бод нохияи Варз.

Офарин Шахзодабону! Бехтарин тахлил. Бояд ояндаро фикр кунем. Худо нигахбонатон бошад.

B.Samarkandi
Shahzodahon,ahsant ba Shumo. Vokean dar jomeai imruzai mo chand Dohundavu Hasani arobakash ma istiloh bosavod na tanhoi Hidmathoi domullo Ayni, balki hidmathoi Lohutivu Tursunzodaro ham nodida megirand.Zaboni baze makolavu navishtahoro gayri yak musht hatmkardagoni rishtai sharkshinosi kase namefahmad.Charo mo to hanuz zaboni Rudaki,Firdavsi,Sadivi Hofizro mefahmem,ammo zaboni kismati ziyodi ruznomanigoroni imruzaro ne.Itminoon doram,ki barhe az onho manii aslii kalimavu istilohotromki az zaboni arabi girifta shudaat,va zuran az tariki vorsivu darii muosir ba zaboni imruzai tojiki dohil mekunand,namefahmand.In fakat ba yak jarayoni navi hudnamoist.Hol on,ki navad dar sadi mardumi oddi besavodand.

Асрор
Шахзодабону, офарин ба Шумо барои чунин тахлили нихоят хуб!

Мо барои ин Ватан. ин забон, ин фарханг назди рухи устод Айни вомдор хастем. Айни буд, ки моро ба мо шиносонд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)