ВИДЕО: 600 варзишгари ҷаҳон дар Душанбе ҷамъ меоянд
Дар Тоҷикистон бори аввал чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба Таэквон-до ИТФ баргузор мегардад. Наргис Набиева, муовини раиси Федератсиюни таэквон-до ва кикбоксинги кишвар, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, мусобиқаи мазкур аз 2 то 11 августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуда, дар он 600 варзишгар иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои Наргис Набиева, то кунун намояндагони 52 кишвари ҷаҳон иштирокашонро дар ин мусобиқа тасдиқ намудаанд. Набиева дар қатори кишварҳои иштироккунанда, аз ҷумла Аргентина, Афғонистон, Австралия, Австрия, Белорус, Босния ва Герсоговина, Булғористон, Канада, Чилӣ, Чин, Ҷумҳурии Чех, Кореяи Шимолӣ, Бритониё, Эстония, Эфиопия, Финландия, Олмон, Гренландия, Гринада, Юнон, Гондурас, Ҳиндустон, Эрон, Ирландия, Ямайка, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Перу, Филиппин, Лаҳистон, Перуко, Руминия, Русия, Шотландия, Сербия, Словения, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Испания, Швесия, Тайланд, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Украина, Амрико, Узбакистон ва Лисоторо ном бурд.
Мусоҳиби мо таъкид кард, мусобиқа аз соати 9 то 19 дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз баргузор шуда, даромад барои кӯдакон аз 3-5 сомонӣ ва калонсолон 10 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |