Боздошти сохтмони 50 иншоот ва афзоиши изофанависӣ дар Тоҷикистон
Масъулони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯянд, изофанависӣ ҳангоми сохтмони биноҳо дар кишвар афзоиш ёфтааст.
Абдувалӣ Комилзода, раиси ин ниҳод, рӯзи 16 июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 3 миллион сомонӣ изофанависиро ошкор намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 500 ҳазор сомонӣ бештар будааст. Ба қавли Комилзода, дар маҷмӯъ, онҳо дар нимсолаи аввал идомаи сохтмони 50 иншоотро бо сабабҳои гуногун боздоштаанд.
“Аз ин ҳисоб 24 иншоот хулосаи мусбати экспертизаи давлатиро надоштанд, 8-то бе иҷозаи сармеъмор ва 18-тои дигар бе лоиҳаи кории тасдиқгардида корро оғоз намудаанд”,-афзуд ӯ.
Абдувалӣ Комилзода дар нишаст ба масъалаи тобоварии манзилҳои баландошёна ба заминларза низ дахл карда, гуфт, “биноҳое, ки нав сохта шудаанд, ба заминларзаи то 8-9 баллӣ тоб меоранд”. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба сифати биноҳои сохташуда дар Душанбе баҳои баланд дода, гуфт, аз нигоҳи мустаҳкамӣ низ аз биноҳои замони Шӯравӣ устувортаранд ва ҳеч хатаре надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |