Интиқоли 91 тоҷик тавассути “Turkish Airlines” ва пайвастанашон ба ДИИШ
Хабаргузории “Форс”-и Эрон аз пайвастани 91 шаҳрванди Тоҷикистон ба саффи ҷанговарони созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ибтидои моҳи июли соли ҷорӣ тавассути ҳавопаймои Ширкати “Turkish Airlines” ба шаҳри Истанбули Туркия сафар карда, аз онҷо ба минтақаи марзии Сурия ва Ироқ интиқол ёфтаанд. Ин хабаргузории нимарасмии Эрон таъкид кардааст, ки гӯиё ҳавопаймои ширкати “Turkish Airlines” то кунун ҳудуди ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистонро ба Ироқ интиқол додааст.
Ин дар ҳолест, ки Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ҳафтаи гузашта дар як суҳбати ихтисосияш бо “Озодагон” шумораи ҷавонони тоҷик танҳо дар саффи ҷанговарони ДИИШ-ро наздик ба 100 нафар хонда буд. Ӯ гуфт, “бо ин оморе ки мегӯянд, 90 ё 100 ҷавони тоҷик дар Сурия ҳаст, розӣ нестам, чун бо муҷоҳидини тоҷик дар Туркия тамос доштаму ин оморро онҳо аз ҳазор нафар зиёд арзёбӣ мекунанд. Ҳудуди 500 нафари онҳо дар қатори ҷангҷӯёни ДИИШ (Давлати исломӣ дар Ироқу Шом) будаанд.”
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбари он Абӯбакр Бағдодӣ мебошад.
Ахиран Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннинишини Ироқу Сурия гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард. Ба гуфтаи ҷангҷӯёни ДИИШ, онҳо то ҳол шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби Бағдодро доранд. Инчунин контроли гузаргоҳи аслии марзии миёни Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дошта, шаҳри Абӯ Камоли Сурия, ҳаммарзи Ироқро низ ғасб кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |