Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Жан-Клод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае Жан-Клод Юнкер, президенти нави Комиссияи Аврупоро барои интихоб шуданаш ба ин мақом табрик гуфтааст.
Дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст, “Ҷаноби Олӣ, бо камоли хушӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии президенти Комиссияи Аврупо самимона табрик ва таҳният менамоям.”
Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро қаноаткунанда хонда, гуфтааст, Тоҷикистон барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо он ҳавасманд мебошад. Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки дар давраи раёсати Жан-Клод Юнкер дар ин ниҳод ҳамкорӣ ва шарикии кишвару Иттиҳоди Аврупо сатҳи сифатан навро касб хоҳад кард: “Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |