Ҷавоби раиси Кумитаи сохтмон ба саволи “кай хона арзон мешавад?”
Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки “кай манзил арзон мешавад?” посух дод. Ӯ гуфт, вақте дар кишвар буҳрони иқтисодӣ ҳукмфармо мегардад, нархи хонаҳо низ поин хоҳад омад.
“Диданд, ки касе намехарад, баъд арзон мекунанд”,-афзуд ӯ дар нишасти хабарии 16 июл дар Душанбе.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ҳоло нархи манзил дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақа арзонтар мебошад. Ба қавли ӯ, нархгузории манзилҳо дар пойтахти кишвар вобаста ба мавзеи ҷойгиршавии биноҳо муайян гардидааст: “Масалан, дар марказ як метри мураббаи манзил аз 1000 то 1200 доллар, дар микрорайнҳо 850, дар атрофи марказ 350 то 500 аст. Ҳоло ба маблағи 330-350 доллар манзили дастрас сохта истодаем”.
Абдувалӣ Комилзода илова кард, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 300 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Вай афзуд, манолзие, ки ҳоло сохта мешаванд, дар муқоиса ба хонаҳои даврони Шӯравӣ дарозумртар буда, аз 100 то 120 сол муҳлати истифода доранд. “Дар замони Шӯравӣ муҳлати истифодаи хонаҳо 75 сол буд”,-таъкид дошт ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |