Курсӣ-да биё, бача: Оё мансабҳо, воқеан, фурӯхта мешаванд?
Дар пайи нашри гузориши байналмилалӣ дар бораи равнақи мансабфурӯшӣ дар Тоҷикистон “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки оё воқеан ҳам дар кишвари мо мансабҳои давлатӣ фурӯхта мешаванд?
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:
Ман бо гузориши сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар мавриди мансабфурӯшӣ аслан розӣ шуда наметавонам. Фикр намекунам, ки сафоратхонаи як кишвари дигар ба корҳои дохилии кишвари мо ворид шуда, дахл кунад. Ин ба суботи кишвар зарар дорад. Яктояш як гап гуфт, дигараш боз як гапи дигар бо ҳамин метавонанд суботи як кишварро аз байн баранд, чӣ хеле ки дар Ироқу Либияву дигар ҷойҳо мо инро дидем.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демокарти Тоҷикистон:
Ин ки харидуфурӯши мансаб дар Тоҷикистон чизи маъмулӣ шудааст, ягон инсони солимақл ва ба хусус рушанфикрон инкор карда наметавонанд. Яке аз сабабҳои асосии сатҳи пасти зиндагии мардум ва дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ камтар ворид гардидани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ низ ҳамин мебошад. Мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар натиҷаи харидани мансаб шахсони тасодуфӣ, ки истеъдоди раҳбарӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва донишу ҷаҳонбинии маҳдуд доранд, соҳиби мансаб шуда бар хилофи манфиатҳои миллӣ низ амал мекунанд. Аслан ин гуна ҳолат дар кишварҳое, ки низоми сиёсии номукаммал доранд ва арзишҳои демократиро инкор менамоянд, бештар ба назар мерасад.
Қосимзода Гурез Ҷурахон, муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон:
То ҳол дар хусуси мансабфурӯшӣ ба мо ягон “сигнал” наомадааст. Дар сурати пешниҳоди далел оиди мансабфурӯшӣ миёни хизматчиёни давлатӣ мо ин масъаларо дида мебароем. Зимни гузаронидани озмунҳо шояд тақаллуб сурат гирад, вале то имрӯз ҳолати мансабфурӯшӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |