Марко Полоро дар Тоҷикистон асосан амрикоиҳо шикор мекунанд
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, нархи иҷозатнома барои шикори як гӯсфанди Марко Поло дар кишвар 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ибодзода Хайрулло, раиси ин Кумита гуфт, соли равон барои шикори Марко Поло 80 квота ҷудо шудааст, ки то ҳол 67-тояшон харидорони худро пайдо намудаанд. Ибодзода афзуд, ки мавсими шикори Марко Поло дар Тоҷикистон ҳамасола аз 1 сентябр оғоз шуда, то моҳи март идома меёбад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист афзуд, аз ҳама зиёд ба шикори Марко Поло дар Тоҷикистон амрикоиҳҳо таваҷҷуҳ доранд: “Аз 67 саре, ки соли равон шикор шудаанд 45 тояшро шаҳрвандони Амрико сайд кардаанд.”
Дар Тоҷикистон Марко Поло асосан дар минтақаи Мурғоб, Ишкошим, Шуғнон иқомат дорад. Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Марко Поло» ҳоло ба Китоби сурх ворид шудааст ва теъдодаш дар Тоҷикистон ҳудуди 24 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |