Бахшҳо
15 июл 2014 13:37Тоҷикистон / Сиёсат

Чӣ хориҷиёнро ба Бадахшон “мекашад”: Сайёҳат, ҷосусӣ, ё...?

Сайф Сафар, рӯзноманигор

Боздошти пажӯҳишгари ҷавон Александр Содиқов дар Бадахшон азм ва таваҷҷуҳи олимони хориҷиро барои омӯзиши ин минтақа коҳиш надодааст. Гарҷанде расонаҳои муътабари ҷаҳонӣ, аз қабили “The Guardian” “The New York Times”, “Вашингтон Пост”, “Ал Ҷазира”, “Экономист” ва дигарон баъди боздошти Содиқов ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Хоруғ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари хатарзо барои олимону пажуҳишгарон бозтоб додаанд.

Чӣ хориҷиёнро ба Бадахшон “мекашад”: Сайёҳат,  ҷосусӣ, ё...?Лена Карвовская, пажӯҳишгари риштаи забоншиносии Донишгоҳи Лейдени Ҳоланд, ки ба таҳқиқи забони ишкошимӣ ва шуғнӣ машғул аст, азми сафари Бадахшонро дорад. Лена, ки дар Душанбе бо “Озодагон” суҳбат мекард, изҳор дошт, ки бори нахуст номи Бадахшонро аз дӯстонаш шунидааст, ки ба ҳайси сайёҳ ба Бадахшон рафта буданд ва ин маротибаи саввум аст, ки ӯ худаш ба ин вилоят меравад: “Дӯстонам гуфтанд, ки он ҷо мардум бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд ва ман ба хулоса омадам, ки ин мавзеъро барои таҳқиқотам интихоб кунам. Ба ин тартиб, иттилооти нахустинро аз интернет ва китобҳо пайдо кардам ва соли 2011-ум аввалин сафарамро ба Бадахшон анҷом додам”.

Ин пажӯҳишгар дар посух ба ин пурсиш, ки чӣ қадар маълумотро дар бораи Бадахшон пеш аз омаданатон аз интернет дастрас кардед гуфт, “мутолеоте, ки қабл аз омаданам аз сарчашмаҳои гуногун дастрас кардам, бештар дар риштаи мардумшиносӣ буданд на забоншиносӣ. Гузашта аз ин, бештари мутолеоти забоншиносӣ дар солҳои 1980-ум таҳқиқ шудаанд ва ман мутмаин набудам, ки муаллифони он таҳқиқот воқеан ба Бадахшон рафтаанд ё на?”.

Дар мавриди хатари аз байн рафтани забонҳои помирӣ хонум Лена назари хушбинона дорад. Ӯ мегӯяд, яке аз авомили нигоҳдории забон интиқоли он аз як насл ба насли дигар аст: “Хушбахтона, дар мавриди забонҳои помирӣ мо шоҳиди интиқоли хеле хуби забон ҳастем. Гуфтаниам, ки дар Бадахшон волидайн бо фарзандонашон бо ҳамон забони маҳаллияшон гап мезананд, ки ин яке аз қавитарин тамоили пешгирии хатари аз байн рафтани забон аст. Фарзи мисол, дар Русияи шимолӣ бо мақсади пайдо кардани мавқеъ ва зиндагии шоиста волидайн талош мекунанд бо фарзандонашон бо забони русӣ ҳарф бизананд, ки ин роҳро барои ба нестӣ рафтани забони сомӣ ҳамвор мекунад”.

Бо вуҷуди ин, хонум Лена ҳушдор медиҳад, дар ин раванди ҷаҳонишавӣ надоштани хат ва расона метавонад ин забонҳоро ба вартаи нобудӣ бирасонад.

Чӣ хориҷиёнро ба Бадахшон “мекашад”: Сайёҳат,  ҷосусӣ, ё...?Малгоратза Битзук, пажӯҳишгари дигари риштаи мардумшиносӣ аз Лаҳистон, ки дар Бадахшон пажуҳишҳо гузарондааст, изҳор медорад, ки дилбастагии хусусиаш ба ин мардуму табиати зебо дар ӯ ангеза ба вуҷуд овардаву маҳз ба ин хотир Бадахшонро барои таҳқиқоташ интихоб кардааст.

Хонум Малгоратза бар ин назар аст, ки тафовутҳои забонӣ, мазҳабӣ ва шароити ҷуғрофӣ, ки гуногуниро дар байни мардуми Бадахшон нигоҳ доштааст, шумори зиёде аз муҳаққиқони хориҷиро ҷалб мекунад. Ин пажӯҳишгар рушд ва навсозии (модернизация) Бадахшонро аз замони барпо шудани ҳокимияти Шӯравӣ дар ин вилоят то даврони истиқлол ба таҳқиқ кашидааст: “Даврони Шӯравӣ, истиқлолияти Тоҷикстон ва раванди оммавии муҳоҷират дигаргунӣ ва таъсири ҷиддие, дар зиндагии ин мардум ва ҳуввияташон бар ҷой гузоштааст”.

Малгоратза дар мавриди амнияти худ зимни пажуҳишҳо дар Бадахшон гуфт, ки ҳеч мушкиле бо мақомоти қудратӣ надоштааст: “Вале вақти рафтан аз мардум шунидам, ки бархе аз мардуми маҳаллӣ ба кормандони амният дар бораи ман иттилоърасонӣ кардаанд.”

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, дар симои ҳар хориҷӣ ва пажуҳишгар дидани ҷосус барои рушди сайёҳӣ ва таҳқиқи илмии ҳаёту фарҳанги Бадахшон паёмади манфӣ дорад. Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, иқдоми мақомот аз ҷумла тирпарониҳои 21-уми май ва боздошти Содиқов ба иттиҳоми ҷосусӣ Бадахшонро ҳамчун минтақаи низоъбарангез ҷилвагар мекунанд ва маҳз ҳамин омил аст, ки соли равон таъдоди сайёҳон дар Бадахшон кам шудааст. Коҳиши сайёҳон дар Бадахшон дар ҷаласаи ахири ҳукумати вилоятӣ низ тасдиқ гардид, аммо Аҳтам Абдуллозода, раиси нави Кумитаи ҷавонону сайёҳӣ онро қотеъона рад мекунад. “Тибқи оморҳое, ки дорем, теъдоди сайёҳон дар Бадахшон коҳиш наёфтааст”-изҳор дошт Абдуллозода зимни нишасти матбуотияш дар Душанбе.

Абдулло Ҳабибов,
генерали мустаъфии тоҷик низ бар ин аст, ки дар ҷое, ки мушкил нест, набояд ба мушкилсозӣ машғул шавем. Ӯ таъкид намуд, кори мақомот аст, ки ҷосус будани ин ё он хориҷиро дақиқ кунанд. Дар маҷмуъ Ҳабибов бо зикри суҳбатҳояш бо мақомоти тоҷик гуфт, феълан барои боздиди хориҷиён аз Бадахшон ягон мушкил вуҷуд надорад: “Аз ин хотир мо набояд дунболи мушкил бигардем дар ҳоле, ки ҳеҷ мушкиле надорем.”
Мӯҳр
чамшед юнусов
мардуми бадахшонам мумкин ният доранд ки мисли крим чудо шавнад вале дар хайати ки? англия е америка е россия? бояд автономии бадахшона бекор кунем ва хамчун вилоят боки монда, ки дигар ягон нияти гаразнок накунан

Бародари азиз мо мардуми Бадазшон нияти чудо шудан надорем, вале Автономии Бадахшонро бархам нахохем дод.

ИЛХОМИ
ин хамааш гап аст. ким чи хадафхо доранд ин бародарони мо, ки пайваста ба Бадахшон мераванд.

Бародари азиз Точики асли ин мардуми Бадахшон аст.Ин мардуми Ориеи аст, ки чахониен медонанд.Бадахшон ин на вилояти худмухтор буд балки Республикаи Афтаноми буд .Бахотири ташкил додани республикаи Точикистон бо Республикаи афтаномии Точикестони ,ки дар тобехи Узбекистон буд пайваст. рафики Юнус аз номат малум,ки шумо точики асил нестед.вале чаро имруз аз мардуми Бадахшон тарсонед,ки чудо шаванд.

Бародари азиз Точики асли ин мардуми Бадахшон аст.Ин мардуми Ориеи аст, ки чахониен медонанд.Бадахшон ин на вилояти худмухтор буд балки Республикаи Афтаноми буд .Бахотири ташкил додани республикаи Точикистон бо Республикаи афтаномии Точикестони ,ки дар тобехи Узбекистон буд пайваст. рафики Юнус аз номат малум,ки шумо точики асил нестед.вале чаро имруз аз мардуми Бадахшон тарсонед,ки чудо шаванд. мо Точикем бо Точикистонем

Барно
бисёри хоричихо махз бо максади сайёхи ба бадахшон мераванд, ки кухбароиро дуст медоранд. Онхо ба Варзоб хам бисёр мераванд. Агар холо дар Кулоб хам, ки ягон нуктаи сайёхи обод кунед ба ончо хам мераванд. Дар Бахористони Сугд хам бисёранд, ки барои дамгири омадаанд. Ин даромади хуб барои Точикистон аст. Мо бояд дар куча нишаста ки омад, бо ки омад, барои чи омад гуфта дар давтари баромаду даромад нависем ку. Рафторамон хамин :). Бехтараш ба онхо, вакте ки меоянд ахлоки хамида ва маданияти точиконаи худро биеед нишон дихем, ки дар чахон ки будани точик ва дар кучо чойгир будани Точикистонро донанд. Агар ягон максади дигар дошта бошанд, дигар сохторхо барои ин корхо хастанд, ки кор бурда истодаанд. Хар кас агар бо кори худ машгул мешуду, шурандози намекард, бисёр хуб мешуд.

ЧАМШЕД ЮНУСОВ
ИЛХОМИ,
БОЯД БАРХАМ ДОД АВТОНОМИРО, ЧУН БАРХЕХО АЛЛАКАЙ ПАЙДО ШУДАН КИ НИЯТИ ЧУДОШАВИРО ДАР САР МЕПАРВАРАНД, ВАЛЕ МО МАРДУМИ АЗИЗИ ТОЧИКИСТОН, БА ИН РОХ НАХОХЕМ ДОД!!!!!!!!!!!!!!!!

Агар Бадахшон Вилояти автономи буд ва боки хохад монд,мардуми Бадахшон мардуми фархангдустору Ориеиначоданд ,онхо точики асиланд ,

Агар ма бачои Хукуматдорон мебудам , 300 хазор ахоли аз Вилояти Хатлону Сугд ва НТМ хулоса аз хар тарафи ватан чам мекардем ва ба бадахшон мекучондем ба корхои геологи истихроч машгул мегардондем . Ана бад медидем ки метона ай Точикистон бадахшона чудо кунад .?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)