Арзонфурӯшии “Манзили дастрас” ба Кумитаи андоз нафоридааст: Суд чӣ мегӯяд?

Кумитаи андози Тоҷикистон аз нархҳои арзони хонаҳои бунёдкардаи ширкати “Манзили дастрас” изҳори норозигӣ намуда, аз онҳо барзиёд андоз ҳисобӣ намудааст.
Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили дастрас”, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ба хотири таъмини сокинон бо манзилҳои арзон таъсис ёфтааст, изҳор медорад, ки дар пойтахт як метри мураббаи манзили зистро бо нархи миёнаи 500 доллари амрикоӣ мефурӯшанд, аммо мақомоти андоз аз онҳо бо нархи 700 долларӣ андоз талаб дорад.
Нурулло Наимов, раиси КВД “Манзили дастрас” бо таъйиди ин хабар рӯзи 15 июл ба “Озодагон” гуфт,”як метри квадратии хонаҳои мо аз 300 то 600 доллар, ба ҳисоби миёна 500 долларӣ нарх дорад ва мо тибқи ин нархгузорӣ андоз месупорем. Вале Кумитаи андоз алайҳи КВД “Манзили дастрас” санад тартиб додаасту талаб дорад, ки мо ба ҳисоби 700 доллар сари ҳар метри мураббаъ андоз супорем. Ба қавли масъулини Кумитаи андоз, нархи миёнаи як метри квадратӣ дар шаҳри Душанбе 700 доллар мебошад.”
Наимов таъкид намуд, ки номи корхонаи онҳо “Манзили дастрас” асту нархномаашон низ бояд аз дигар ширкатҳо фарқ кунад: “Масъулини ширкатҳои дигар тоҷиранду болои меҳнати худ фоиз мегузоранду фоида мегиранд. Мо корхонаи давлатием, тоҷир нестем, танҳо ҳаққи хидмат ва маҳсулоти сарфшударо мегирем.”
Бо зикри ин раиси КВД “Манзили дастрас” таъкид намуд, ки алайҳи Кумитаи андоз ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд ва интизоранд, ки додгоҳ дар ин баҳсашон бо Кумита нуқта гузорад.
Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили дастрас” аз сӯи шаҳрдории Душанбе барои таъмин кардани сокинони пойтахт бо хонаҳои арзон таъсис ёфтааст. Ҳоло дар хиёбони Синои пойтахт 10 бинои бисёрошёна аз сӯи ин корхона бунёд ёфта истодаанд, ки интизор меравад дар он 900 оила соҳиби хона хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |