Баҳси ҳимояти Тоҷикистон аз таҳдидҳои хориҷӣ дар мулоқоти Раҳмон бо Ҷонатан Дан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми июл дар мулоқот бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Ҷонатан Данн ҳимояти иқтисодиёти Тоҷикистонро аз таҳдидҳои хориҷӣ баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди Хазинаи байналмилалии асъор пайваста истифода мебарад”. Ӯ таваҷҷуҳи асосиро ба он равона кардааст, ки таъсири манфии бӯҳронҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон кам гардад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Ҷонатан Данн ваъда додааст, ки “Хазинаи байналмилалии асъор барои татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ кумакҳои техникии худро ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои иқтисодию иҷтимоӣ бо назардошти омилҳои ҷаҳониву минтақавӣ дареғ намедорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |