Бахшҳо
15 июл 2014 10:23Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Довталаб 2014: 11 ҳазор $-“ставка”-и дохилшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди роҳандозии фаъолияти Маркази миллии тестии назди президент ҳодисаҳои гирифтани пора барои дохил кардани довталабон ба донишгоҳҳои кишвар сар мезананд.

Ин ниҳод аз боздошти ассистенти кафедраи «Физиолигияи нормалӣ», муаллимаи 56-солаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон хабар дод, ки барои дохил намудани довталаб 11 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудааст ва гӯиё 2 ҳазор доллари он барои масъули Маркази миллии тестӣ пешбинӣ шудааст.

Ин ниҳод дар шарҳи ҷузъиёти боздошти Х.Г-и 56-сола овардааст, ки ӯ дар аввал аз наздикони довталаб 8 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст, аммо баъдан гуфтааст, ки 11 ҳазор доллар лозим аст: “Ӯ иброз доштааст, ки 2000 долларо ба «Неъмат» ном корманди Маркази миллии тестӣ ва боз маблағи 9000 доллари дигарро ба шахсе, ки корро ҳал менамояд , хоҳад дод.”

Манбаъ мегӯяд, баъди ин гуфтугузор, ки дар маҳаллаи “Садбарг”-и Душанбе сурат гирифтааст, хеши довталаб норозӣ гашта, ба раёсати Оҷонсии зидди фасод муроҷиат кардааст: “Рӯзи дигар ассистенти Донишгоҳи тиббӣ зимни гирифтани 11 ҳазор доллар боздошт шудааст.”

Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод феълан амалиёт барои ошкор намудани шарикони дигари ин муаллимаи боздоштшуда идома доранд.
Мӯҳр
Ин касали касалии ВАБО аст ки ин устозхо капидаги барои ин касалро нест кардан хамаи ин касалхоро сузонда гур кардан даркор чукуртар, ки ба насли оянда нагузарад

Мушохид
Ба фикри банда, хатто ММТ ба амали ФАСОДКОРОН ба пурраги монеа эчод карда наметавонад. Ба рости Низоми кабули анъанавии довталабони давраи Шурави як бартари дошт, ба чуз имтихонхои хатти- иншонависи, ки такаллубкори ва тагадоро мушохида мешуд. Ин бартари дар он дида мешуд, ки аллакаи устодон дар ду зинаи имтихонсупори, ки бо таври шиффои ва ру ба ру сурат мегирифт, ба донишу малакаи довталабони АСИЛ объективона бахогузори мекарданд. Аз натичаи бахогузори кариб 99 фоизи мардум рози буд ва кариб фасодкори набуд.

Барои ин дарди чомеаро гум кардан аз боло сар карда хама бояд тоза бошанд. Об аз сар лой аст, онро дар поён соф кардан гайриимкон аст.

689
Аввалан ин ки шахсе ки ба додани пора рози мешавад уро низ чазо додан лозим!Рафикон мо надихем унхо аз кучо мегиранд?То кая мо бесаводонро тарбия мекунем?Хусусан дар сохаи тибб!ЧО чон канда чунин марказро сохт ки шояд ин касалиро решакан кунем аммо афсус ки ин касали идома доштааст!Аз ин ру нафаре ки дар ин соха пора мегирад сахттарин чазо додан лозим аст бо порадиханда.Имруз мо пораро гирифта меъдаи худро сер мекунем ва фардо ба назди табиби бесавод меоем худ хулоса бароред!Шиори хукумат низ чунин бояд бошад:Чамъияти бе пора месозем!

Мухаммад
Шояд нахзати бошад

Саидчон. Якутия.
Ассалому аллайкум! Хостам хеч нанависам,аммо натавонистам. Мухтарам кормандони раёсати очонсии зидди фасод: оё шумо исбот карда метавонед,ки дар дигар донишгоххо ё дар дигар корхонахо бе ришва кабул мегарди?! Харгиз!!! Ман хам намехохам ин дарди чомеаи Точикистонро,лекин чи кунем?! Албатта мо медонем,ки ин боз як "бечора"и бе тага хаст барои хамин боздошт шудааст. Нпбошад...

точик
Ов ай боло лояй ай хаму малим барои ки чои корш тиян долар гирифтагиян и бечора бояд плои додагиша брора бо икаи дига кор кна

689,
Шумо намедиҳед, як каси дигар розӣ мешавад. Бо ҳаҷми ниҳоят калон порадиҳиро сараввал онҳое сар кардаанд, ки аз куҷое худашон манбаи даромади калон доштаанд. Ин миқдор порадиҳӣ оҳиста-оҳиста ба дигарон сироят кардааст. Порадеҳон асосан савдогарони калон (бизнесменҳо) ва кормандони порахӯри ниҳодҳои ҳукумат мебошанд. Барои соҳибони марказҳои савдои монанди Садбарг, Султони Кабир, Корвон ва ғайраҳо додани 11 ҳазор доллар барои синдаш мисли онки ману шумо ба 11 сомонӣ чизе бихарем. Он марде, ки шикоят кардааст, шояд, ба қавле, корд ба устухонаш расида бошад, аламаш кардааст. Хуб ҳам кардааст! То рӯзе ману шумо хомӯш мегардем, порахӯрӣ ба 100 ҳазор доллар мебарояд. Барои зиндагии хубу покиза бояд мубориза бурд. Фикр мекунед, мардуми мамолики араб аз хушии зиндагӣ инқилоб ва табаддулот кардаанд? Як аз сабабҳои он ана ҳамин фасоди ҷамъият буд.

Анвар
Юсуф, гап нест! Рост!

босс
бад и писарони камбизоате ки хаваси хондан дора ай дасти ихел одамора ихел малимора чхели савод кати дохил шаван кчодай аму вичдон аму инсоф хайф

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)