Нурмаҳмадзода: “Қумандон”-ҳои Бадахшон мухолифат нишон надода истодаанд (ВИДЕО)

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси “Амонатбонк” имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “қумандон”-ҳои Бадахшон 80 дарсади қарзашонро аз ин бонк, ки ҳанӯз соли 2008-ум гирифтаанд, баргардондаанд.
Ин қарз, ки ба номи наздикони Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов, собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон гирифта шудааст, ба гуфтаи Нурмаҳмадзода ба ҳолати 1-уми июли соли 2014 276 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Ин қарзҳо ҳанӯз соли 2008-ум гирифта шудаанд, ки он замон 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Ҳозир онҳо қарзҳоро баргардонда истодаанд. Аз ҷумла танҳо тайи шашмоҳаи аввали соли равон 65 ҳазор сомонии қарз баргардонда шуд.”
Нурмаҳмадзода афзуд, ки қарздорон барои баргардондани қарз мухолифат нишон надода истодаанд: “Онҳо розиянд, ки қарзро диҳанд. Барои ин маблағ даркор. Ҳамин, ки маблағ пайдо шуд, онро баргардонда истодаанд.” Раиси “Амонатбонк” таъкид намуд, ки қарзҳои гирифтаи “қумандон”-ҳои Бадахшон ягон хавф надоранд, чун ба ивази гарав дода шудаанд.
Видеои суҳбати Нурмаҳмадзода дар бораи қарзи қумандонҳои Бадахшон
Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2012, зимни сафараш ба Бадахшон таъкид намуд, ки Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Айёмбеков ҳар чӣ зудтар қарзашонро ба «Амонатбонк» баргардонанд.
Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо сокинони вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ дар моҳи сентябри соли 2012 ҳаҷми қарзи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро бо назардошти фоизҳо 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда буд. Раисиҷумҳур он замон иқрор кард, ки қарзҳои бонкӣ ба фармондеҳони мухолифин бо дастури худаш ироа гардидаанд: “Дастур дода будам, ки дар соли 2008 ба бархе аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ қарзҳо диҳанд, то зиндагиашонро пеш баранд. Масалан, “Амонатбонк” ба хоҳари Ёдгор қарз дода, аммо 700 ҳазор сомонӣ баргардонда нашудаст. Абдураҳмонов, фарзанди Айёмбеков, 560 ҳазор сомонӣ қарзро барнагардондааст.”
Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаров, аз чор қумандони маҳаллии Бадахшон маҳсуб меёбанд, ки тобистони соли 2012 додситонӣ онҳоро қочоқи маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳо ва қочоқи духтарон ва барои саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |