“Насиҳат”-и Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шоирони Тоҷикистону Афғонистон
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, аз шоирони форсизабон даъват кард, дар ташаккул ва ҳифзи ҳувияти фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошанд.
Ӯ дар дидор бо шоирони форсизабон аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон дар Теҳрон гуфт, “шоир вазифадор аст, ба монанди шуарои бузурги таърихи форсзабонон мухотабони худро бо маънавиёту дамидани руҳияи умед, нишот ва таҳарруку пешрафт ғанӣ сохта, ин унсурҳо, ки созандаи ҳувияти ҳақиқии миллат ҳастанд, тақвият бахшанд.”
Раҳбари инқилоби Эрон бо ибрози таассуф, ки бархеҳо ҳамлаҳои густурда алайҳи ҳувияти исломӣ ва фарҳангиро бо вуҷуди ошкоро сурат гирифтани он намебинанд, афзудааст, “шоир бо руҳи ҳунарию нигоҳи тезбинаш ба дифоъ аз ин ҳувият бармехезад.”
Дар идома Хоманаӣ аз воқеиятҳои охири ҷаҳон, аз ҷумла дастдарозии қудратҳо ба истиқлол, сарват, дин, маънавиёт, номусу ахлоқи миллатҳо, тағйир додани ҳақиқатҳо тавассути нерӯи таблиғотӣ ва ҳаводиси ахири навори Ғаззаи Фаластин ёдовар шуда, изҳор дошт, “гоҳе барои кушта шудани як ҳайвон дар яке аз гӯшаҳои дунё ҷанҷолу таблиғоте роҳандозӣ мешавад. Аммо кушта шудани наздик ба 200 нафар, ки шумораи зиёдашон кӯдакону пиронсолон мебошанд, на танҳо барои бархеҳо аҳамияте надорад, балки Амрико ва Бритониё расман аз ин ҳамлаҳои Исроил ҳимоят мекунанд.”
Хоманаӣ таъкид кардааст, “шоир соҳиби шууру дарк ва фаҳму қудрати баён мебошад ва бояд бо бархӯрдорӣ аз ин имтиёзҳо, ки дар воқеъ неъмати илоҳӣ аст, ба ёрии мардуми мазлум барояду ҳаққу ҳақиқатро дар шеъри худ инъикос намояд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |