Бахшҳо

Зокиров: Баҳс бо Қирғизистон танҳо дар сурате ҳал мешавад, ки...

Маҳмадтоир Зокиров, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон танҳо дар сурате ҳал мешаванд, ки ҷонибҳо пешниҳодҳои тарафайнро қабул кунанд.

Зокиров, имрӯз, 14-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки агар пешниҳодҳои тарафайн дар бораи сохтмони роҳҳои наздимарзӣ қабул гарданд, баҳсҳо ҳал мегарданд. Ӯ таъкид намуд, ки дар гузашта “Ворух” ягон вақт анклав набуд, “роҳҳо аз замони шӯравӣ буданд ва ҳеч гуна роҳи алтернативӣ лозим нест."

Раиси Кумитаи идораи замини Тоҷикистон дар шарҳи ҳушдори ахири Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, ки ахиран гуфт онҳо роҳи алтернативӣ доранду Ворух метавонад аз роҳ маҳрум гардад, афзуд, ки чунин суханҳо ба нафъи кор нестанду дар гуфтушунидҳои гуруҳи кории тарафайн садо надодаанд.

Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, ки ҳайати кишварашро дар баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, гуфтааст, гӯиё роҳи алтернавтивии Оқсой – Тамдиқ вуҷуд дорад, ки ба пуррагӣ аз қаламрави кишвараш мегузарад. “Агар ҷониби Тоҷикистон баҳси роҳи Оқсой – Тамдиқро аз ҳад зиёд дароз кунанд, мо интизорӣ намекашему онро тавассути қаламрави худ месозему барои сокинон роҳе аз Бодканд то Оқсой бунёд хоҳем кард. Аммо дар ин сурат, Ворух бероҳ хоҳад монд”,-афзудааст Маматалиев

Сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон, ки ҳамеша баҳонаи таниши марзӣ миёни ду кишвар мешавад, қисмати асосии он аз қаламрави баҳсбарангези миёни Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад.
Мӯҳр
Киргизхои бунок як нафар сокини дехаи Ворухро куштанд ва 7нафари дигарро захми карданд.Агар хамин хел рафтан гирад хамаи заминхои моро киргизхои фашист сохиб мешаванд.Бо киргизхо сулх карда намешавад!!!Хеч гох .......

Порто
Хукумат тарсуи карда истодааст.Ман хайронам мучохидини аз мактаби Ахмадшох гузаштаву дар вакташ артиши кишварро сахт шикаст додаро кучо карданд.Ё хатман бояд мучохидони турколуда мешуданд,ки онхоро нигох медоштанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)