Сафир гуфт, Русияро шарики стратегӣ медонем, аммо мавзӯи вуруд ба ИИАО матраҳ нест

Туркманистон Русияро шарики стратегии худ медонад, аммо мавзӯи воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) матраҳ нест. Дар ин бора Бердимурод Раҷабов, сафири Туркманистон дар Русия изҳор доштааст.
Ба қавли Раҷабов, раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни ҷаласа бо сафирони Туркманистон дар хориҷи кишвар ба характери стратегии шарикии Ашқободу Маскав таъкид доштааст. Бердимуҳаммадов ба гардиши панҷмиллиардаи молу коло миёни ду кишвар ишора карда, Русияро аз шарикони бузурги тиҷорӣ-иқтисодӣ хондааст. “Туркманистон ва Русия дар масоили сиёсӣ ҳамдигарро дар СММ, САҲА, ИДМ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ пуштибонӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ назароти мо дар масъалаи проблемаҳои Каспий ҳам наздик аст”, -гуфтааст Раҷабов.
Дар посух ба суоли Туркманистон ба бунёди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки бунёдгузораш Русия, Қазоқистон ва Белорусия ҳастанд, чӣ гуна муносибат мекунад, Раҷабов афзуда, Туркманистон бо такя ба сиёсати бетарафӣ дар сиёсати беруна бештар аз ҳама ба рушди муносибатҳои дуҷониба бартарӣ медиҳад. Ӯ таъкид намуда, ки дар Туркманистон масъалаи воридшавӣ ба ИИАО матраҳ нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |