Боздошти Носировҳо барои қатли занони тоҷик дар ҷангали Петербург
Кумитаи тафтишотии Санкт Петербург мегӯяд, ба иттиҳоми куштори ду ҷавонзани тоҷик, ки ҷасадашон рӯзи 12-уми июл дар ҷангалзори Новоорловск дарёфт шудааст, ду бародар боздошт шудаанд.
Сергей Капитонов, масъули робита бо ҷомеаи Кумитаи тафтишотӣ дар Санкт Петербург мегӯяд, боздоштшудагон бародарон-Носиров Охунҷони 22-сола ва Акмали 30-сола низ шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар куштори ҷавонзанони ҳамватанашон муттаҳам мешаванд: “Ба иттилои тафтишот Носировҳо субҳи 11-уми июл дар пайи хусумати шахсӣ дар ҷангалзори Нороорловск ду зани тоҷикро латукӯб намуда, ба сарашон халтаи полиэтиленӣ кашида, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.”
Ҷасади ҷавонзанони тоҷик, ки якеашон 34 сол доштааст, рӯзи 12-уми июл пайдо шуда буд. Ташхис муайян кардааст, ки онҳо дар пайи буғӣ кушта шудаанд. Мақомоти Русия мегӯяд, феълан тафтишоти қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |