Бахшҳо
14 июл 2014 10:58Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Даъвати Тоқон Мамитов ба мубориза ва Равшан Собиров ба сабру созиш

Дар пасманзари тирпаронии 10 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки боиси марги як нафар ва ҷароҳати чанд сокини ҷамоати Ворухи Исфара гардид, хабаргузории “24.kg” аз сиёсатшиносону коршиносон роҳи ҳалли баҳси марзӣ миёни Душанбею Бишкекро пурсидааст.

Алмосбек БААТРИБЕКОВ, раҳбари Кумитаи парлумони Қирғизистон оид ба амният ва дифоъ:
“Сарҳад ин ҳамеша макони бархӯрди манофеи ду кишвар аст. Бинобар ин, зарур аст, то баҳсҳои марзиро ҷонибҳо ва роҳи музокирот ҳал кунанд. Роҳи дигар нест.”

Марс СОЛИЕВ, сиёсатшинос:
“Фикр мекунам, задухӯрдҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тарҳи хориҷист, ки аз як тараф алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон равона шудаанд ва аз тарафи дигар ин талошҳо барои кушодани як ҷабҳаи нав алайҳи Русия дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Бинобар ин, Маскав низ бояд бетараф набошад.”

Равшан СОБИРОВ, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, собиқ вазири рушди иҷтимоии ин кишвар:
“Тамоми танишҳо дар марз бояд тариқи гуфтушунид ҳал шаванд. Ҳамсоя доди Худост ва онро интихоб намекунанд. Тоҷикону қирғизҳо - мардуми бонанги куҳистонанд, ки аз қадим паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар зиндагӣ карда, аз як дарё об хӯрдаанд. Дар моҳи шарифи Рамазон бояд таҳаммулгаро бошем ва ба иғво дода нашавем. Баҳсҳо бояд дар доираи гуфтушунид ва қонун ҳал шаванд.”

Дмитрий ОРЛОВ, коршинос:
“Барои ҳалли баҳсҳои марзӣ музокирачиёни хуб намерасанд. Ин ба ҳар ду тараф дахл дорад. Иштироки тарафи сеюм дар ин баҳсҳо метавонад мушкилзо бошад. Баҳс бояд танҳо миёни ду кишвар ҳал шавад.”

Тоқон МАМИТОВ, собиқ ноиби сарвазир ва вазири дифои Қирғизистон:
“Барои ман ҳамчун афсар аз нигоҳи этикӣ ва сиёсӣ дуруст нест, ки кори ҳукуматамонро баҳогузорӣ кунам. Маслиҳати ягонаи ман - ин истодагарӣ ва мубориза аст.”
Мӯҳр
Ором
Сад шукри Худо, ки Тоқон Мамитовро аз хамон вазифааш сабукдуш карданд. Дар байни хама миллатхо ЧОХИЛ ёфт мешудааст.

Аз суханони Токонкучук буи чанг меояд. Маълум аст, ки дасти сеюм дар симои ана хамин Кучуки бугунигап игво андохта истодааст.Худо накарда чанг андози хуни 3 000 000 ахолият дар гарданат аст. Чун Чингизхони хаммиллатат хамчун хунхор дар таърих мемони!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)