Набераи президент хабари тарки кишвар кардани модарашро рад кард
Ислом Каримов, набераи раисҷумҳури Узбакистон овозаҳо дар мавриди кишварро тарк намудани модараш - Гулнора Каримоваро беасос хондааст.
Чанд рӯз пештар пойгоҳи хабарии “Узметроном” навишт, духтари бузурги президент Ислом Каримов дар ҳоли ҳозир дар яке аз кишварҳои Назди Балтик қарор дошта, 42-солагияшро дар канори одамони барояш арзишманд таҷлил мекунад. Аммо Каримови хурдӣ ба "Интерфакс" гуфтааст, “хабарҳои ВАО дар ин борак, ки гӯиё модари ман Узбакистонро тарк кардааст, ҳақиқат надоранд. Ҳанӯз ҳам ҳеч маълумоте дар бораи ӯ нест. Агар зинда бошад, аз онҳое, ки модарамро дар “ҳабси хонагӣ” нигоҳ медоранд, хоҳиш мекунам, акс ё видеое нишон диҳанд”.
Исми Ислом Каримови хурдӣ, ки дар Лондон ба сар мебарад, замоне сари забонҳо шуд, ки дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии русии “Рен-ТВ” гуфт, дар сард шудани муносибатҳои модараш Гулнора Каримоваю бобояш Ислом Каримов гуруҳе манфиатдор буда, барои тезу тунд шудани муносибатҳои онҳо хеле талош дорад.
Набераи раиси ҷумҳури Узбакистон мегӯяд, бори охир модарашро охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд дида, худи ӯ низ бо модараш робитаи маҳдуд дорад. Ислом Каримови 2, ки гӯиё худ барои бозтоби вазъи ахири модараш ба “Рен-ТВ” муроҷиат кардааст, эълон шудани кадом як иттиҳом расман алайҳи Каримоваро рад мекунад. “Модарам ҳамроҳ бо хоҳарам ҳоло дар ҳабси хонагӣ ба таври ғайрирасмӣ қарор доранду онҳоро берун рафтан намегузоранд. Ҳатто хоҳарам аз идомаи таҳсил маҳрум шудааст, чун барои беруноияш аз Ватан иҷоза нест”,- илова кард Каримови хурдӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |