Абдуллозода дар бораи номаи Ёқуб ва "ғайб задани" Низомхон Ҷӯраев (ВИДЕО)
Нусратулло Абдуллозода (Абдуллоев), раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, номаи Ёқуб Салимов то ҳол дастраси ӯ нагардида, намедонад, аз онҳо чӣ дархосте шудааст. “Ин хабарро фақат аз расонаҳо дидем”,-афзуд ӯ дар нишасти хабарии 14 июл дар Душанбе.
Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилӣ, сардори гумрук ва сафири пешини Тоҷикистон дар Туркия, ки беш аз 11 сол боз дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, дар оғози моҳи ҷорӣ аз Додгоҳи олӣ хоста буд, ӯро шартан пеш аз муҳлат озод кунад. Дар ин бора Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Салимов хабар дода, афзуда буд, аризаи дахлдорро нафари таҳти ҳимояташ рӯзи 27 июн дар ҳузури ӯ навиштааст. Ба қавли ин вакили мудофеъ, Салимов аз чор се ҳиссаи ҳукми додгоҳро дар боздоштгоҳ адо намуда, тайи ин муддат вазъи саломатияш хеле бад шудааст.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш ба қазияи якбора ғайб задани Низомхон Ҷӯраев ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, агар дар куҷо будани Ҷӯраевро медонист, ҳатман ӯро даъват карда меовард. “Дар куҷо будани Низомхонро бояд аз мақомоте пурсид, ки ба фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ машғуланд”,-таъкид дошт Нусратулло Абдуллозода.
Нозимхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи спирти Исфара, як моҳ пештар аз Душанбе “ғайб зад” ва мақомот ӯро мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд. Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи ӯ, гуфт, рӯзи 23 июн аз Додгоҳи олӣ занг зада, гуфтаанд, ки нафари таҳти ҳимояташ фирор кардаву ҳоло дар пайгард аст. Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои аввали гумшавии Низомов, Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар ғайб задани Низомхон Ҷӯраев – соҳибкори боздоштшудаи тоҷик кормандони Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро айбдор кард. Ӯ гуфт, “агар, дар ҳақиқат, Ҷӯраев фирор карда бошад, кормандони масъули Оҷонси зидди фасоди молии кишвар бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд.” Ба гуфтаи Қудратов, ин соҳибкори боздоштшудаи тоҷик аз замони “омадан”-аш ба Тоҷикистон дар бинои Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар нигаҳдорӣ шуда, таҳти назорати кормандони оперативии ин ниҳод қарор доштааст.
Низомхон Ҷӯраев, ки ӯро дар Тоҷикистон бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯи пулиси Русия бо дархости ҷониби Душанбе боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид. Дар ибтидои соли 2012 Ҷӯраевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод. Ӯ тариқи телевизионҳои давлатии кишвар гуфта буд, ба Ватан бо хоҳиши худ омадааст, то ба мақомот таслим шавад. Ба гуфтаи Ҷӯраев, гӯиё ӯ аз Русия тариқи қаламрави Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст. Вале ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Низомхон Ҷӯраев аз тарафи чанд тан аз ҳамватанони худ рабуда, ба Ватан оварда шудааст.
Баъд аз боздошт ва оғози мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав моҳи сентябри соли гузашта дубора номи Ҷӯраев дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Оҷонсии зидди фасоди молӣ он вақт бо такя ба нишондоди Низомхон Ҷӯраев эълон кард, ки гӯиё Зайд Саидов дар замони вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ ба зӯрӣ гирифтаву дар иваз пуштибонияшро ваъда додааст. Иттилое, ки баъдан Зайд Саидов воқеияти онро рад карда, дурӯғе беш надонист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |