Муждаи доктор Абдуллоҳ ба ҳаводоронаш ва даъват ба шикебоӣ

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон мушкили кунунии кишварашро гузаро хонда, ҷонибдорони худро ба шикебоӣ даъват кард.
Ин номзади даври дуюми интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 13 июл дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, “аз Шумо тақозо мекунам, оромиши худро ҳифз кунед ва ин мушкилоти кунунӣ гузаро асту бо шикебоӣ барои ба даст овардани ояндаи дурахшон таҳаммул кунед.” Ӯ ба ҳаводоронаш мужда додааст, ки талошҳои онҳо натиҷа доду бо ҳузури мутахассисони байналмилалӣ ва намояндагони ситодаш бозшуморӣ ва тафтиш мешаванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии Афғонистон ахиран хабар дода буданд, ки ду номзади даври дуюми интихоботи ин кишвар дар мулоқот бо Ҷон Кери вазири умури хориҷии Амрико дар робита ба тафтиши саддарсадии овозҳо ва ташкили як ҳукумати ваҳдати миллӣ ба созиш расидаанд. Ба иттилои манобеи хабарии ин кишвар, гӯиё номздаҳои даври дуюми интихобот ба тавофуқ расидаанд, ки баъди бозшумории оро номзади пирӯзро қабул доранду ба дунболи ташкили як давлати ваҳдати миллӣ хоҳанд шуд.
Ҷон Керри дар пасманзари буҳрони сиёсии Афғонистон ва баъди эълони натоиҷи ибтидоии даври дуюми интихобот дар доираи як сафари расмӣ вориди шаҳри Кобул гардида, бо ҳар ду номзад - доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дидору гуфтугӯ намуд. Ӯ қабл аз ин сафараш изҳор дошта буд, даъват барои ташкили “ҳукумати мувозӣ” сабаби қатъи кӯмакҳои Вашингтон ба ин кишвар хоҳад шуд.
Даврии дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июни соли ҷорӣ баргузор шуда, дар он ду номзад - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал мувофиқан 43,7 ва 33,8 дарсади раъйро ба даст оварда буданд, вориди рақобат шуданд. Оқои Абдуллоҳ як рӯз баъд аз баргузории интихобот мақоми баландпояи Кумисюни интихоботи кишварашро ба тақаллубкорӣ муттаҳам кард.
Абдуллоҳ ба далели сурат гирифтани тақаллубкории густурда ва бетаваҷҷуҳии мақомоти зиррабти кишвараш нисбат ба шикоятҳои ситоди интихоботии ӯ ҳамкории гуруҳаш бо кумисюнҳои интихоботии кишварашро қатъ карда буд. Ӯ аз намояндагони худ дар Кумисюни марказӣ ва вилоятии интихоботии Афғонистон давъат карда буд, ҳамкорӣ бо ин ниҳодро қатъ кунанду ба ситодҳояшон баргарданд. Ба гуфтаи Абдуллоҳ, то ба дархости онҳо ҷавоби мусбат дода нашавад, ҳамкории худро идома нахоҳанд дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |