ҲНИТ ҳамлаи Исроил ба Ғаззаро ҷинояти зидди башарӣ хонд
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳонаи ҳавоии Исроил ба навори Ғаззаи Фаластинро маҳкум карда, онро ҷинояти зидди башарӣ хонд.
Дар баёнияи ин ҳизб, ки рӯзи 12 июл нашр гардид, аз ҷумла омадааст, “Шӯрои сиёсии ҲНИТҷинояти зиддибашарии режими ишғолгари Исроилро, ки чанд рӯзи ахир ин режими ишғолгар ва таҷовузкор бо зери по гузоштани тамоми қонунҳои байналмилалӣ мардуми бедифои Фластинро дар навори Ғазза аз замину осмон оташборон мекунад, қотеъона маҳкум намуда, ҳимояти худро аз мардуми мазлуми Фаластин эълон менамояд.”
Масъулини ҲНИТ дар идома аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфуз талаб кардааст, то ин амали Исроилро маҳкум карда, ҳуқуқи мардуми Фаластинро барои зиндагӣ дар сарзамин ва кишвари худ таъмин намоянд.
Шумораи қурбониёни навори Ғазза дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии мусаллаҳонаи нерӯҳои Исроил ба ин минтақа наздик ба 100 нафар расида, беш аз 670 нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Манбаъ мегӯяд, теъдоди зиёди қурбониёнро пиронсолон ва кӯдакон ташкил медиҳад.
Ин ҳамлаҳои хунини Тел-Авив дар ҳоле ба ин қисмати анклавии Фаластин шуруъ гардид, ки се тан аз ҷавонони исроилӣ рӯзи 12 июни соли ҷорӣ аз сӯи афроди номаълум дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун рабуда шуда, ҷасади онҳо баъд аз чанд рӯз пайдо гардид. Мақомоти қудратии Исроил дар ин қазия Ҳаракати Ҳамосро муттаҳам карда, садҳо тан аз фаъолони вобаста ба онро боздошт кардааст. Рӯзи 3 июли соли ҷорӣ низ як ҷавони фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ рабуда шуда, баъдан ҷасадашро пайдо карданд.
Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |