Қирғизҳо монеи сафари 26 сокини Ворух ба Хуҷанд шудаанд
Сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, ки ҳоло ҷазирақаламрав асту дар пайи тирпаронии 10 июли соли ҷорӣ роҳаш ба сӯи марказ баста гардид, аз эҷоди баъзе мушкилҳо шикоят доранд.
Онҳо мегӯянд, ба далели баста будани роҳ 26 хатмкунандаи мактабҳои миёнаи Ворух натавонистаанд барои имтиҳонсупорӣ ба Хуҷанд раванд. “Маълум нест, сарнавишти онҳо чӣ мешавад. Оё имтиёз хоҳанд дод, ё не?”,-пурсид яке аз мусоҳибони мо. Инчунин, ба гуфтаи онҳо, рӯзи ҷумъа марзбонҳои қирғиз иҷоза надодаанд, то як мошини Ёрии таъҷилӣ ба Ворух гузарад.
Ин дар ҳолест, ки то кунун музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кишвар ва ҳамтои қирғизи ӯ - Абдураҳмон Маматалиев ба анҷом нарасидааст. Вале бар асоси хабари расонаҳо, ҷонибҳо то ин дам тавофуқ кардаанд, ки як гуруҳи иборат аз намояндагони ду тараф ҳодисаи тирпаронӣ дар маҳалли Бедаки ҷамоати Ворухро, ки як куштаву ҳафт захмӣ боқӣ гузошт, таҳқиқ хоҳад кард.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳарбиёни қирғиз дар ҳоле ба сӯи сокинони осоиштаи Тоҷикистон оташ кушоданд, ки “онҳо дар ҳудуди заминҳои кишоварзии хоҷагии кооперативии “Ворух”-и ноҳияи Исфара бо корҳои гузаронидани қубури обгузар машғул буданд”. Бино ба иттилояи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри 10 июл дастраси расонаҳо гардид, “ҳамин вақт ба назди онҳо марзбонони қирғиз, ки дар дидбонгоҳи “Тамдиқ” воқеъ дар қитъаи баҳсталаби сарҳадӣ хизмат менамоянд, наздик шуданд ва нисбат ба сокинони осоишта рафтори номатлуб зоҳир карда, талаби ғайриқонунии қатъи корҳо ва тарк кардани мавзеъро пеш оварданд. Марзбонони Тоҷикистон, ки дар наздикӣ воқеъ буданд, барои муайян кардани ҳолати бавуҷудомада, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯшиш карданд, то амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғизро боз доранд. Дар ҷавоб ногаҳон аз ҷониби марзбонони қирғиз тирпаронии нишондор оғоз гардид.”
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин замина ба Бишкек нота фиристода, гуфтааст, марзбонҳои кишвар дар ин ҳодиса аз силоҳ истифода накардаанд. Бо ин вуҷуд, мақомоти қирғиз бо пахши баёниҳо ҷониби Тоҷикистонро дар ин тирпаронӣ муттаҳам карда, ҳатто гуфтанд, гӯиё тоҷикҳо аз миномётҳо истифода кардаанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо пахши иттилоияе гуфт, “ҳудуди 30 шаҳрванди Тоҷикистон азм доштаанд, аз қаламрави Қирғизистон аз дарёи Каравшин ба деҳаи Бедаки Ворух қубури об гузаронанд. Ҳайати марзбонони қирғиз ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, талаб кардаанд, ки кор қатъ шавад, чун ин минатақаи наздисарҳадӣ аломатгузорӣ нашудааст. Дар ҷавоб шаҳрвандони Тоҷикистон ба суи марзбонон санг партофтаанд ва марзбонон ба сӯи ҳаво тир холӣ намудаанд. Ҳайати марзбонони тоҷик, ки дар он наздикӣ қарор доштааст, ба сӯи қирғизҳо тир холӣ намудааст. Дар натиҷа миёни марзбонҳо тирпаронии кӯтоҳ сурат гирифтааст.”Акс аз Азия-Плюс
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |