Видеои Бахтовар Сафаров, муҳоҷире, ки аз ошёнаи 10 афтодааст

Баъд аз нашри кумакхоҳии Бахтовар Сафаров, як сокини ҷавони ноҳияи Восеъ, ки ҳангоми муҳоҷират дар Русия аз ошёнаи даҳум ба зер афтода, ҳоло бистарист, бисёриҳо навори видеоии суҳбати ӯро хостанд. Яке аз наздикони Сафаров баъд аз зуҳри ҷумъа ба “Озодагон” видеои суҳбати ӯро дастрас намуд ва гуфт, ниёзмандии Бахтовар барои дарёфти кумак ва табобат воқеист.
Ба қавли ӯ, ҳоло хонаводаи Сафаров бар иловаи он ки барои табобати Бахтовар ба пул ниёз доранд, то кунун аз бонк низ тақрибан 3 ҳазор доллар қарздор шудаанд. То ҷое ба мо маълум гардид, баъд аз нашри хабари “Озодагон” як гуруҳ аз фесбукиён барои кумак ба Бахтовар Сафаров азм кардаанд.
Яке аз масъулони гуруҳи “Тарбияи имонӣ” дар Фейсбук, ки масъули ҷамъовари маблағ барои табобати Бахтовар Сафаров мебошад, гуфт, то ин дам 1336 сомонӣ, 3 ҳазор рубли русӣ ва 40 доллар маблағ ҷамъ шудааст, ки базудӣ ба Восеъ фиристода хоҳад шуд. Худи Бахтовар мегӯяд, дар ин замина ба Рустам Латифов, раиси ноҳияи Восеъ, низ муроҷиати хаттӣ кардааст ва умед дорад, аз таваҷҷуҳи ӯ дур нахоҳад монд. Инчунин, ин сокини маъюби Восеъ, аз ҳамаи онҳое, ки барои ӯ дасти ёрӣ дароз кардаанду мекунанд ва ё барои ҳолпурсияш занг задаанд, изҳори сипос кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |