Бахшҳо
13 май 2011 08:04Гузориш

Нахустин «ҳукми сафед»-и хабарнигори тоҷик

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзомуроди Бозор, хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз-News»-ро сафед кард. Аммо ронандаи «Тангем»-ро гунаҳкор дониста, ба иҷрои корҳои ҳатмӣ муваззаф сохт.

Парвандаро алайҳи ин ду нафар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар пайи шикояти як корманди «Воҳиди махсус»-и ВКД боз намуда буд. Ба иддаои вай журналисту ронанда дидаву дониста ӯро тӯҳмату таҳқир кардаанд.

Ҳукм ба ронанда: 180-соати кори ҳатмии бепул

Мурофиа шоми 12 май, баъди беш аз чоруним соати машварати додрас шурӯъ ва ба ниҳояти худ расид. Маърифат Ашурмамедова, раисикунандаи парванда зимни қироати қарори додгоҳ гуфт, хабарнигор Мирзомуроди Бозор бинобар нақз накардани ягон банди қонун сафед карда шуд. Ронандаи мусофиркаши хурди «Тангем» Маҳмадраҷаб Шарипов бошад, барои дидаву дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ 180 соат ба корҳои ҳатмӣ (ҳар рӯз чор соат ба ғайр аз корҳои худаш) ҷалб карда шавад. Раванди татбиқи ҷазоро вазорати адлия назорат мебарад. Ба қавли Ашурмамедова бо назардошти он ки Шарипов қаблан доғи судӣ надоштааст ва зери тарбияташ кӯдаки ноболиғ дорад, нисбати вай ҷазои сабук раво дониста шуд.

Ёдрас мешавем, бар асоси шикояти Қаландар Назаров, сарнозири ротаи бехатарии ҳаракати воҳиди махсуси ВКД нисбати Мирзомуроди Бозор ва Маҳмадраҷаб Шарипов дар асоси моддаҳои 135 ва 136-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон, тӯҳмату таҳқир парванда боз шуда буд. Назаров иддао дошт, ки ӯро беасос ва ғайриқонунӣ тӯҳмат намудаанд, ки дар натиҷа миёни кормандон обрӯяш коста шудааст. Ин ҳолат ба вазъи сиҳатияш низ бетаъсир намондааст.

Қазия аз «06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» шурӯъ гардид

Санаи 4-уми марти соли 2011 дар рӯзномаи «Имрӯз-News» зери унвони «06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» маводе ба нашр расид. Дар он Маҳмадраҷаб Шарипов, як ронандаи «Тангем» нақл мекард, ки нозири роҳ  бо рақами сарисинагиии 06008 дар кӯчаи низоми Ганҷавӣ, наздик ба бӯстонсарои райисҷумҳур аз ӯ 10 сомонӣ пора гирифтааст. Ронанда афзуда буд, ки ӯ қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон накарда буд, вале нозир гуфтааст, ки гӯйё вай хати уфуқиро убур кардааст. Ба нақли Шарипов пеш аз вай як автомашинаи «Газел» ҳаракати мекард ва ӯ аз ин нақлиёт пеш нагузаштааст. 10-уми май дар  мурофиаи навбатӣ шоҳидон пурсида шуданд. Нозири роҳ гуфт шоҳиди вай ронандаи «Газел» аст. Ба шаҳодати шоҳиди нозир вай бо сабаби бори вазнин доштани мошинаш оҳиста ҳаракат мекард ва назди бӯстонсаро «Тангем»-е ӯро «обгон» кард. Ба гуфтаи вай ӯ дар масофаи 1 метр аз нозир ва ронандаи «Тангем» қарор дошт ва дид, ки ронанда ба нозир пул надодааст. Аммо ронандаи «Тангем» гуфт ин нафар   ронандаи «Газел»-и ман мегуфтагӣ нест.

Дар мақолаи «06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!», муаллиф Мирзомуроди Бозор баъди нақли ронандаи «Тангем» ба РБДА-и дар шаҳри Душанбе ва баъдан ба БДА-и ҷумҳурӣ тамос гирифтааст. Аз дафтари матбуотии ин ниҳод гуфтаанд, ки ронандае аз болои ришвагирии нозири роҳ ба онҳо шикоят бурд ва рақами сарисинагии ӯро гуфт. Раҳбари дафтари БДА гуфтааст, онҳо шахсияти нозирро муайян кардаанд, ки як масъули «Воҳиди махсус»-и ВКД будааст ва барои чораандешӣ ба раҳбарияти он дархост фиристодаанд.

Аз «Овоза» то «сафедшавӣ»-и хабарнигори «Имрӯз-News»

Бегуноҳ эълом шудани хабарнигори «Имрӯз-News» дар панҷ соли охир намунаи ягонаест, ки журналист дар Тоҷикистон ҳукми сафед мегирад. Дар бештарини маврид, вақте алайҳи хабарнигорон тибқи моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз мешавад дар ниҳоят ҷониби даъвогар аризаи шикоятии худро бозпас мегирад.

mages/0411/ovoza.jpgРайҳона Раҳимова, як сарояндаи эстрада ҳам дар моҳи июли соли 2007 барои матлаби «Райҳона пи-пи-пи… Афғонистон» се хабарнигори ҷавон-Саида Қурбонова, Муҳайё Нозимова ва Фарангис Набиеваро ба додгоҳ кашид. Баъди як соли баррасии мурофиа Райҳона гуфт омодаи оштӣ шудан бо рӯзноманигорон аст.

Октябри соли 2007 хабарнигор Маҳмадалии Мақсадуллоҳ гуфт, дар рӯзи равшан аз сӯи ду корманди милиса мавриди лату куб қарор гирифтааст. Ин қазия ҳам он чунон сару садо ба бор овард ва танҳо радияи журналист ба он нуқта гузошта тавонист.

Вақте аз ин ҳодиса се сол гузашт, Маҳмадалии Мақсадуллоҳро ба додгоҳ даъват карданд, аммо ин бор ҳамчун гумонбар дар тӯҳмату таҳқири собиқ вакили парлумон аз Қӯрғонтеппа. Парвандаро моҳи августи соли 2010 додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар пайи шикояти Сайвали Нуров боз кард. Нуров гуфтааст дар хабаре, ки нашрияи «Чархи Гардун» зери сарлавҳаи «Депутатро говсуд мекунанд?» чоп кардааст, шахсияташ тӯҳмату таҳқир шудааст. Собиқ вакили парлумон мехоҳад ба сифати ҷуброн 35 ҳазор сомонӣ ситонад. Ин мурофиа ҳоло мавқуф гузошта шудааст.

Дар моҳи декабри соли 2010 аз боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт хабар расид. Додситонии ноҳияи Ашти вилояти Суғд  бар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ алайҳи вай парванда боз кардааст.

ramziyaОхирҳои мохи январи соли 2011 Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аввалан нашрияи "Азия-Плюс" ва баъдан хабарнигори он Рамзия Мирзобековаро ба додгоҳ кашид. Ба иддаои вай мақолаи "Тафтиш ё инкивизитсия?" олудаи тӯҳмату таҳқир аст. Ў 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Ёдрас мешавем, дар матлаби Рамзия Мирзобекова аз шиканҷаву азоби боздоштшудаҳо аз сӯи кормандони интизомӣ нақл мешуд.

Инҷо ба парвандаҳои зиёд, ки алайҳи нашрияҳо боз шудааст кор намегирем ва онро ба навбати дигар мегузорем. Баҳси вазорати кишоварзӣ бо ҳафтаномаи «Миллат» ва даъвои «Тоҷикстандарт»  алайҳи нашрияи «Пайкон», вазорати адлия бо «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ», ки муассиси «Пайкон» аст, ба фоидаи мақомот ҳал шуд.

Бармегардем, сари қазияи бегуноҳ эълон шудани журналисти «Имрӯз-News». Бархе аз соҳибназарон ҳарчанд аз сафед шудани рӯзноманигор истиқбол намуда, онро падидаи нек  унвон мекунанд, аммо мегӯянд, ҷазо гирифтани ронандаи «Тангем» боиси нороҳатист. Ба қавли онҳо аз ин баъд шаҳрвандон дигар аз додани маълумот ба журналистон худдорӣ меварзанд.

Дар ҳамин ҳол зикр намудан ба маврид аст, ки эълони бегуноҳии гумонбаршавандаҳо на танҳо миёни журналистон, балки дар маҷмӯъ низ дар кишвар нодир аст. Дар нишасти хабарие моҳи январи соли равон Нусратулло Абдуллоев, райиси Суди олии Тоҷикистон гуфт, аз шаш ҳазор гумонбар танҳо ду нафар пурра ҳукми сафед гирифтаанд.

06008 «ситора» мешавад, аммо мусоҳиба намекунад

Қаландар Назаров, сарнозири ротаи бехатарии ҳаракати воҳиди махсуси ВКД, ки алайҳи хабарнигор ва ронандаи «Тангем» ба додгоҳ шикоят бурда гуфт, ки мавриди тӯҳмату таҳқир қарор гирифтааст, дар номаи шикоятии худ навиштааст, ки аз вазнинтарин ҷазо дар қиболи Мирзомуроди Бозор ва Маҳмадраҷаб Шарипов истифода шавад. Баъди ниҳоӣ шудани парванда аз ӯ пурсидем, ки ҳалномаи суд ӯро қаноатманд кардааст?  Вай гуфт, бидуни иҷозаи раҳбарияташ ба касе сӯҳбат намекунад. «Ман корманди ВКД мебошам бе иҷозати сардор ҳақ надорам ба шумо интервю диҳам». Дигарбора пурсидем, ки оё аризаи шикоятӣ ҳам бо иҷозаи сардораш буд, тасдиқ намуд.

Даъвои Назаров ин буд, ки вақте матлаб дар рӯзнома нашр шуд, обрӯяш миёни ҳамкорон ва атрофиён паст шудааст. Аммо дар мақолаи «06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» номи ӯ зикр нашуда буд. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, тӯҳмату таҳқир танҳо нисбат ба шахсият карда мешавад ва нишони сарисинагӣ наметавонад обеъекти тӯҳмат ё таҳқир шавад. Гузашта аз ин, гуфта мешавад, то оғози парванда танҳо раҳбари «Воҳиди махсус» ва чанд нафари алоҳида медонистанд, ки соҳиби нишони сарисинагии 06008 кӣ аст? Акнун, барои ҳама ному насаби ӯ маълум аст.

Ҳарчанд, парванда дар додгоҳ  ниҳоӣ шуд, аммо ҳадс зада мешавад, ки ин қазия акнун рангинтар мешавад. Зеро дар сӯҳбати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо хабарнигорон, ки рӯзи 12-уми май сурат пазируфт, ба ин масъала низ дахл шуд ва «антикоррупсионерҳо» дар дафтарчаҳои худ қайдҳое карданд. Ҳамчунин, хабарнигорон тасмим доранд рӯзи шанбе ба қабули вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров рафта ин мавзӯъро баррасӣ намоянд. Зеро вазири умури дохилӣ дар ду нишасти ахири хабарияш гуфта буд, ки дар сурати дучори қонуншикании кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шудан ба телефонҳои боварии ВКД тамос бигиред. Ронандаи «Тангем» ҳам мегӯяд бо ҳамин мақсад ба БДА ва рӯзноманигорон муроҷиат карда буд.

Додгоҳи Сино ҳамакнун ҳукми ниҳоии худро алайҳи ронанда ва журналист эълом дошт. Маҳмадраҷаб Шарипов бошад, 10-рӯзи дигар мӯҳлат дорад, ки аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад, аммо ин ки ӯ ин тасмимро мегирад ва ё хайр ҳаққи ӯст. Ба ҳар шева ин қазия чӣ паёмаде хоҳад дошт, гузашти вақт нишон медиҳад.{jathumbnail off}

Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)