Шукурзода дар бораи “ҳила”-ҳои нави тоҷирон барои фиреби мизоҷон
Бахтиёр Шукурзода, раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, тоҷирони кишвар барои фиреби мизоҷон аз усулҳои нав кор бурда истодаанд.
Шукурзода, рӯзи 11-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки баробари пурзур шудани муборизаашон бо маҳсулоти пастсифат савдогарон низ “ҳила”-ҳои навро ихтироъ мекунанд: “Талош мекунанд, маҳсулоти пастсифат ё мӯҳлаташ гузаштаро фурӯшанд. Нишондиҳандаҳои муҳлати истифодаи молашонро тоза карда, дигар мекунанд. Мо ҷазоро вазнин карда истодаем. Корро мо нафақат бо роҳи назорат, балки бо усулҳои фаҳмондадиҳӣ низ пеш бурда истодаем”.
Раиси “Тоҷикстандарт” барои тоза кардани бозорҳои кишвар аз маҳсулоти пастсифат таъкид намуд, ки шаҳрвандон низ бояд фаъол бошанд ва дар сурати ифшои камбудие ба мақомот хабар диҳанд.
Дар робита ба натиҷаҳои фаъолияташон дар моҳи Рамазон масъулини “Тоҷикстандарт” мегӯянд, давоми 10 рӯз аз бозорҳои шаҳри Душанбе 400 тонна нушокиҳои навъи Piko-и истеҳсоли Қирғизистонро аз фурӯш гирифтаанд: “Дар ин давра ҳамчунин 45 тарозуи чинӣ, ки истифодаашон манъ аст, аз фурӯшгоҳу бозорҳои пойтахт мусодира шудаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |