Бахшҳо
11 июл 2014 12:15Тоҷикистон / Тема дня

Посухи Бишкек ба нотаи Душанбе: Шитоб накунед!

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ёддошт ё худ нотаи расмии Душанберо дар робита ба тирпаронии маргбори марзбонони қирғиз ба сӯи мардуми осоиштаи тоҷик шитобзадагӣ хонд.

Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 11 июл дар шарҳи тирпаронии 10-уми июл, ки боиси марги як ва ҷароҳати 7 шаҳрванди Тоҷикистон шуд, изҳор доштааст, ки “вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бидуни пешниҳоди далеле марзбонони қирғизро дар ин ҳодиса гунаҳкор ҳисобидааст.”

Муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон афзудааст, ки ин ниҳод низ дар навбати худ ба унвонии ВУХ-и Тоҷикистон нотаеро дар асоси далелҳои пешниҳоднамудаи мақомоти қудратии кишвараш фиристодааст: “Аз Тоҷикистон хоҳиш мекунем, зимни хулосабарориҳояш шитоб накунад.”

Рӯзи 10 июли соли ҷорӣ тақрибан соати 11-30 дар қаламрави “Ворух” дар марзи Исфараву Бодканд тирпаронӣ ба миён омада, як гуруҳи деҳқонони тоҷик ҳадафи тири марзбонони қирғиз қарор гирифтаанд. Дар пайи ин ҳодиса ба қавли табибони беморхонаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар, аз ҷумла Ҳазрат Қозиев, Бахтовар Ҷурабекзода бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаи “Озодагон”, феълан вазъи саломатии Қозиеву Ҷурабекзода ва як сарбози Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон вазнин буда, дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Манбаъ таъкид намуд, ҳамаи маҷруҳшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, аз тир дар қисмати дасту пой ҷароҳат бардоштаанд.
Манобеи мо дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара гуфта буданд, низомиёни қирғиз дар маҳалли Бедак ба сӯи ин сокинони одии Тоҷикистон дар ҳоле тир кушодаанд, ки машғули таъмири қубури обгузар будаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъди зуҳри 10 июл ба унвонии мақомоти қирғиз нота ирсол карда буд. Масъулони вазорат аз рухдоди ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, “бояд қайд кард, аз ҷониби марзбонони тоҷик силоҳи оташфишон истифода нашуд”.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин тирпаронӣ “новобаста аз созишҳои чандинкарата оид ба ҳудудҳои мувофиқанашудаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст”. Аз ин рӯ, ҷониби Тоҷикистон “вобаста ба нақзи созишҳои номбурда аз тарафи мақомоти алоҳидаи Қирғизистон изҳори нигаронӣ менамояд”.
Мӯҳр
НАМЕДОНАМБА КИ БОВАР БИКУНАМ.

шахрванд
Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон изҳор доштааст, ки “вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бидуни пешниҳоди далеле марзбонони қирғизро дар ин ҳодиса гунаҳкор ҳисобидааст.” Сархадбонони точик бояд сархадбонони киргизро ки сархадро вайрон карда, ба замини Точикистон даромада, шахрвандони Точикистонро паронданд, мепаронданд ва баъд мурдахои сархадбонони киргизро ки сархадро вайрон карда ба хоки Точикистон даромада ва мурдахояшон дар хоки точикистон мебуданд дар якчояги бо автоматхояшон, гилзахои тирхои парондаашон ки ин хам дар хоки Точикистон мебуд ба навор гирифта онро хамчун далел ба Аскар Бешимов пешниход мекарданд, ин далел мешуд ва ба ин Аскар Бешимов чи мегуфт ва боз чи хел далел ба у он вакт даркор мешуд.

Саид
Вообщем и киргизхо гузаронданд..одам кушта шуд хафт кас захми боз чи ..хамин хел хап шинем пагох омада зану духтаромона аз худ мекунанд..кумондон Шохро боз ба махали даргири равон карадан лозим ..ин навбат сахттар истад..

ислом.70mail.ru
Бародар Саид!Иншооллох дар Точикистон хаст чавонмардоне ки сад бахои Шох хастанд.Худованд сабр-ро дуст медорад каме сабр кунед хамаш хуб мешавад. Лутфи Хак бо ту муросохо кунад,
Лек аз хад бигзари расвот кунад. Ин авлоди чингизро ба миллате ки чанд сад сол империяро дар даст дошт бози гирифтааст.

Клозе
Шодравон Мирзо-Чага бо мучохидини аз мактаби чанги чирикии Ахмадшохи Масъуд гузашта инчо намерасад.Ин мардум бо кучояшон фикр мекунанд?Солхои 97 ва 98 махз хамин мучодини точик Худойбердиевро ронда буданд.Соли 1999 махз омад-омади мучохидон узбаконро тарсонида ахолии як шахри наздисархадияшон шахрро тарк ва кисмати обанборро точикон сохиб гаштанд.Баталиони мучохидонро барои як рузи мабод бо кумондонхояш бояд нигох медоштанд.Ана акнун гиранд,киргиз онхоро ба чояшон шинонидааст,музокира,зораю илтимосу тамаллукгуи.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)