Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия ин шабу рӯз дар Тоҷикистон қарор дорад ва хабарнигори “Озодагон” бо ӯ дар бораи вазъи муҳоҷирон, барномаҳои ҳукумати кунунӣ, муносибати Тоҷикистону Узбакистон, шахсияти ӯ ва, инчунин, роҳи ҷавонони тоҷик аз Русия ба Туркия ва сипас Сурия суҳбат кард.
Озодагон: Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, ахиран қарореро имзо кард, ки бар асоси он аз моҳи январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд, вориди ин кишвар шаванд. Тавре мушоҳида мекунем, ин қарор аз ҳоло барои муҳоҷирон дар Ватан мушкил эҷод кардааст ва онҳо барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ ё биометрӣ рӯзҳои зиёд интизор мешаванд ё пули зиёд харҷ мекунанд. Феълан, дар Русия муҳоҷирон дар ин робита чӣ мушкил доранд?
Иззат Амон: “Дар бораи ин қарор метавон гуфт, ҳанӯз соли 2012 эълон шуда буд, ки вуруди шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба Русия баъд аз соли 2015 танҳо бо шиносномаи хориҷӣ иҷоза дода мешавад. Яъне, кишварҳое, ки дар Иттиҳоди гумрукӣ аъзо нестанд, сокинони онҳо бидуни шиносномаи хориҷӣ ба Русия сафар карда наметавонанд. Аммо тавре мебинем, чанд рӯзи пеш ин қарор низ ба имзо расид, ҳоло мушкил ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон барои иҷрои ин қарор, яъне барои таъмини сокинони худ бо шиносномаҳои хориҷӣ омода набуду нест. Тавре мо рафтему дидем, мардуми зиёд дар навбат истодаанд. Ҳатто сафорату консулгарии Тоҷикистон дар Русия низ ба ин омода набуд. Яъне, ин қарори Медведев якбора аз осмон болои муҳоҷирон мушкилеро партофт. Чун ҳоло бисёре аз муҳоҷирони мо дар Русия бо шиносномаҳои дохилӣ ба сар мебаранду баъзе аз санадҳои худро бо шиносномаҳои дохилӣ гирифтаанд, акнун бояд онҳоро иваз кунанд. Дуруст аст, ки ин қарор аз моҳи январи соли оянда ба иҷро медарояд, вале мо имкони таъмини ду миллион муҳоҷири худ бо шиносномаҳои хориҷиро дар муддати ҳамагӣ 4-5 моҳ надорем. На аз нигоҳи молию на аз нигоҳи дигар. Мушкили дигар ин аст, ки тавре ҳамагон медонанд, дар Русия агар қарор ё фармоне содир шавад, кормандони пулис ё худ пулиси муҳоҷирати ин кишвар ба ҷои салла калла меоранд. Яъне, онҳо аз ҳоло иҷрои ин қарорро назорат доранду аз муҳоҷирон маблағ меситонанд, ки шумораи зиёди шаҳрвандони мо ҳатто дар робита занг зада шикоят мекунанд ва ҷиҳати дигар ин ки ҳоло бархе аз муҳоҷирони мо аз имзо шудани чунин қарор хабар надоранд. Пӯшида нест, ки ин қарор як навъ фишор болои кишвари мост, то ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шавем. Шахсан худи ман бар ин назарам, ки агар Тоҷикистон узвияти ин иттиҳодро ба даст орад, барои рушди иқтисод ва будубоши шаҳрвандони кишвар дар Русия кори хубе хоҳад шуд”.
“БОЯД БА ИТТИҲОДИ ГУМРУКӢ ШОМИЛ ШАВЕМ”
Озодагон: Аз кадом нигоҳ Шумо ворид шудан ба ин иттиҳодро мусбат медонед, дар ҳоле ки шумораи мухолифини ин тасмим дар Тоҷикистон кам нест. Чун ба қавли онҳо, Тоҷикистон мисли Русияву Беларус ва Қазоқистон иқтисоди қавӣ надорад ва Маскав дар лаҳзаҳои муҳим метавонад аз фишангҳои иқтисодии худ алайҳи мо истифода кунад. Яъне, боз ҳам аз Маскав вобастатар хоҳем шуд...
Иззат Амон: “Таъкиди ман аслан болои муҳоҷирон аст. Мо медонем, ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон муҳоҷир аст ва бар асоси омор дар як сол сокинони кишвар ба Ватан 5 миллиард доллар ирсол мекунанд. Ин, албатта, он маблағҳоест, ки танҳо тавассути бонкҳо фиристода мешаваду шояд 5 миллиарди дигар ба таври ғайрирасмӣ ба Тоҷикистон ворид шавад. Таасаввур кунед, мо дар Тоҷикистон кадом корхонаи саноатӣ дорем, ки дар сол метавонад, танҳо 5 миллиард доллар фоида орад? Аз ин рӯ, бар инам, ки агар рафтуо ва будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия озод шавад, ин нишондоди маблағи онҳо метавонад, як баробар афзоиш ёбад. Агар мо ба ин иттиҳод ворид нашавем, шояд фишорҳо аз ин зиёдтар гардад”.
Озодагон: Шумо дар бораи ҳаҷми маблағи муҳоҷирон ҳарф задед ва ахиран расонаҳои хабарӣ аз коҳиши интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон хабар доданд. Сабаби ин чӣ метавонад бошад, кор кам аст ё..?
Иззат Амон: “Дар бораи ҷойҳои корӣ бояд гуфт, ки дар Русия сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Чун бар асоси омори демографӣ сол то сол шумораи аҳолии ин кишвар кам мешаваду ниёз ба нерӯи корӣ меафзояд. Дар ин ҷо метавон мушкилро низоми сахти муҳоҷират унвон кард. Барои гирифтани як корти иҷозаи фаъолият як муҳоҷир бояд 40 ҳазор рубли русӣ пардохт кунад ва барои иқомат ҳудуди се ҳазор рубл бояд супорӣ. Яъне аз ин бар меояд, ки як муҳоҷир барои ба таври қонунӣ барои як сол ҳузур доштан дар Русия бояд наздики 50 ҳазор рубли русӣ сарф кунад. Сабаби дигар ин афзоиши фишору қатли муҳоҷирон мебошад ва рӯз аз рӯз низ ҳиссиёти миллатгароӣ миёни мардуми рус афзоиш меёбаду онҳо намехоҳанд, миллати дигар дар кишвари онҳо омада, кор кунад. Мушкили аз ҳама сангин болои муҳоҷирон ин нагирифтани маош мебошад, ки бархе аз корфармоён маблағи онҳоро намедиҳанд. Аз ин рӯ, ҳаҷми интиқоли маблағ низ ба кишвар сол то сол коҳиш меёбад”.
МАРГИ МАҶБУРӢ
Озодагон: Аз қатлу куштори муҳоҷирон дар Русия ёдовар шудед, ки то ҳол мо чандин бор дар ин бора суҳбатҳо низ доштем. То куҷо марги маҷбурии муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфтааст?
Иззат Амон: “Бар асоси он оморе, ки дар даст дорем, солона 3 ё 3,5 ҳазор ҷасади ҳамватани худро ба кишвар интиқол медиҳем. Аз ин нишондод 40-50 дарсади онҳоро марги маҷбурӣ ташкил медиҳад. Аксари ҷасадҳоро азбаски имкон нест, мо наметавонем ба кишвар интиқол диҳем ва онҳоро дар гӯристони тоҷикон, ки дар вилояти Твер ҷойгир аст, ба хок месупорем. Борҳо гуфтаам, ки ин омори эълоншуда дар Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирон чандон комилу ба ҳақиқат наздик нест. Албатта, шумораи дақиқ, ки чанд тоҷик аз сӯи миллатгароён кушта шудаасту чандтои дигар бо марги табиӣ мо ин оморро надорем ва танҳо метавон гуфт, ки аз ҳамин 3,5 ҳазор танҳо 1,5 ҳазор нафари онҳо бо марги маҷбурӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Гузашта аз ин, мо ниҳоде надорем, ки ин равандро пайгирӣ кунад. Яъне таҳқиқ кунад, ки муттаҳам ба қатли тоҷик муҷозот мешавад, ё на. Чанд моҳи пеш як ҳамватани мо дар метро Патбелский кушта шуд ва дар ҳоле ки ин кушторро дурбинҳои назоратӣ сабт кардаанд, муфаттишон мегӯянд, сифати навор паст асту дида намешавад ва дар фикри пайгирии ин қазия низ касе намешавад. На сафорату на консулгарӣ ва на Хадамоти муҳоҷират пайгирӣ намекунанд, ки ин парвандаҳо то куҷо ба ҳақиқат мепайванданд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки 70 ё 80 дарсади ин кушторҳо номаълум боқӣ мемонанд. Ҳатто агар дастгир ҳам шаванд, бо кушодани як парвандаи авбошӣ кифоя мешавад, мисли қотили ҳамон Хуршедаи 9-сола, ки дар Петербург кушта шуда буд. Инҷо мушкил мақомоти рус нест, мушкил сафорату консулгарии мо аст, ки ин равандҳоро пайгирӣ намекунанду боре ҳам намепурсанд, ки тақдири қотили шаҳрванди мо чӣ шуд”.
ДАР БОРАИ САФИРИ НАВ
Озодагон: Назари Шумо дар бораи сафири нави Тоҷикистон дар Русия чӣ аст, ӯро бархеҳо ба унвони як марди шоиста мепиндоранд ва дигар ин ки курсии консулгариро низ яке аз наздикони раиси ҷумҳур дар ин кишвар бар уҳда гирифт. Оё ин ҳарду барои тағйирёбии вазъи тоҷикон дар Русия метавонанд, таъсиргузор бошанд?
Иззат Амон: “Шахсан сафири навро мешиносам ва дарак ҳам дорам, ки ӯ ду давра дар Олмон ба ҳайси сафири Тоҷикистон кор кардаву ҳоло ба Русия омадааст. Аз суҳбату шунидаҳои худ, ки дар Олмон низ муддате будаму меҳмони сафорати кишвар низ шудаам, бар меояд, ӯ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Умедвории зиёд дорем, азбаски сафири мо ҷавон ҳасту ҳар ҷавон мехоҳад, масъулияти худро самимӣ анҷом диҳад. Ман шахсан худам дар давоми 8 соли сафирии Абдулмаҷид Достиев ҳамчун раҳбари як ташкилот ҷаноби олиро надидаам. Вале баъди ивазшавии сафири Тоҷикистон дар Русия ва омадани Сатторов ба ин мақом дар ин кишвар ду маърака баргузор шуд, яке ҷашни Ваҳдати миллӣ ва дуюм ифтор дар моҳи Рамазон. Ҳарчанд мо бо сабабҳои номаълум даъват нашуда будем, муҳим ин ки дар фаъолияти сафорат навгониҳо дида мешавад. Умед дорам, дар оянда фаъолияти сафорат дар самти муҳоҷирату муносибат бо онҳо беҳбуд хоҳад ёфт.”
ГИЛА АЗ ДОСТИЕВ
Озодагон: Шумо ба шевае агар гӯем, аз ҷаноби Достиев гила кардед, камбуди ӯро дар чӣ мебинед?
Иззат Амон: “Ине ки дар бораи фаъолияти ӯ расонаҳо матолибе танқидӣ менавиштанду аз ӯ ҳама норозӣ буд, метавон гуфт, ки инҷо камбуди ӯ неву камбуди низом бошад. Зеро Вазорати мо нафаронеро сафир интихоб мекунад, ки аз кӯчаи илми дипломатия нагузаштаанд. Достиевро метавон як менеҷменти хуби давлатӣ ном гирифт, аммо ӯ дипломат набуд. дуюм ин ки як шахси солхӯрда буду нерӯи кории дигар надошт ва худро ҳамчун шахси бадарғашуда меҳисобиду аз кунҷи сафорат берун намеомад. Сафир ҳамеша бояд бо шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон бошад. Сафорат бояд ба ҳар муҳоҷир такягоҳ бошаду ба камтарин мушкили онҳо расидагӣ кунад. Мо аслан дар давоми 8 соли сафирии ӯ боре надидаем, ки дар робита ба қазияе вокуниш нишон дода бошад. Ман шахсан борҳо ба сафорат муроҷиат карда, кумак хоста будам, вале кумак нашуд ва, албатта, ҳоло ҳам наметавонам, гӯям, ки дар давоми ду моҳи набудани ӯ чизе тағйир ёфтааст, чун дар давраи сафирии Сатторов низ муроҷиат кардааму беҷавоб буд. Рӯзе шаш тан аз шаҳрвандони кишварро ба иттиҳоми кадом як гуноҳе боздошт карда, аз дохили корхона ба дастҳояшон дастбанд заданду бурданд, ки ин зидди қонун аст ва ман хостам, аз сафорат кумаки дипломатӣ гирам, чун мо дигар як ташкилоти дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳастем, лек статуси дипломатӣ надорем”.
Озодагон: Шумо мегӯед, сафорати мо аз муҳоҷирон худро дур мегирад, ба назаратон, чаро ин ниҳод дар паҳлуи муҳоҷирон нест? Ё аз чизе ҳарос дорад?
Иззат Амон: “Инҷо мушкил низом аст. Зеро ҳисобот дар кори онҳо дида намешавад. Агар муҳоҷир муроҷиат карду сафорат кумак накард ва муҳоҷир агар як дари мекӯфтагии дигар дошта бошад, ё сафорат аз ҳар як муроҷиати муҳоҷир ба вазорат гузориш диҳад, шояд ин корҳо нашавад. Чун ҳам консулгарӣ ва ҳам сафорати мо медонанд, ки ба муроҷиати муҳоҷирон чӣ расидагӣ кунанд ё не, ҳар ду яке аст ва касе ҳам ба онҳо гуфта наметавонад, ки чаро инро кардию онро не. Болои сафорату консулгарӣ касе контрол намекунад ва беҳавсалагии кормандони сафорат низ дар робита ба мушкили муҳоҷирон аз ин вобастагӣ дорад”.
Озодагон: Вақте ин гуфтаҳои Шумо рост бошад, пас, ҳузури онҳо дар Русия барои чист?
Иззат Амон: “Мо низ намедонем, онҳо барои чӣ аз номи Тоҷикистон дар Русия фаъолият доранд. Ман ду бор ба раиси ҷумҳур пешниҳод карда будам, кормандони сафорату консулгарӣ ва хадамоти муҳоҷиратро ихтисор кунанду дар ҳамин ду ниҳод, сафорат ва консулгарӣ дунафарӣ кор кунанд, бас аст, чун коре аз дасташон намеояд. Пулҳои ҳангуфт аз ҳисоби буҷа сарф мешаваду эшон коре аз дасташон намеояд”.
УМЕД АЗ ДОМОДИ ПРЕЗИДЕНТ
Озодагон: Дар мавриди консули нави Тоҷикистон дар Русия, ки домоди раиси ҷумҳури кишвар аст, чӣ гуфта метавонед?
Иззат Амон: “Дар мавриди консул метавон гуфт, ки ӯ ҳоло ҷавон ҳасту дар бораи кораш наметавон ба ин зудӣ баҳо дод. Албатта, дипломат несту шояд ба корҳои дипломатӣ сарфаҳм наравад, аммо барои хидмат ба муҳоҷирон вақт дораду имкониятҳои зиёд. Канӣ бубинем, то куҷо хидмат мекунад. Як чизро бояд гуфт, ки азбаски эшон домоди раиси ҷумҳур мебошанд, хеле умедворкунанда аст. Яъне ӯ ба он ҳама ресурсҳо дастрасӣ дораду барои корҳои зиёд қодир аст”.
ИЗЗАТ АМОН КИСТ: “ОДАМИ ҲУКУМАТ” Ё..?
Озодагон: Худи созмони Шумо ба чӣ корҳо машғул аст ва барои муҳоҷирон чӣ мекунад?
Иззат Амон: “Созмони мо, ки аз он Созмони ҷавонони Тоҷикистон ном гирифта мешавад, соли 2007 расман дар Русия таъсис ёфтаву як созмони русӣ мебошад. Давоми ин муддат мо барои муттаҳид кардани муҳоҷирон талош кардаем, яъне зидди мушкилӣ бо ҳам равем ва албатта то ҷое корҳоеро анҷом додаем. Узвияти ин созмонро ҳудуди 7,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия доранду ба мо кумак низ мекунанд. Мо ҳармоҳа барномаҳои худро низ дорем, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро паҳн мекунему мегӯем, чӣ корҳоеро ба сомон расонидаем ва албатта баҳои ин ҳамаро миллат медиҳад. Ин ҳамаро мо ба хотири таърифу таҳсин шунидан намекунем. Мақсади мо баланд бурдани номусу шараф ва эътибори тоҷикон дар Русия аст. Чун вақтҳои охир моро хеле таъна заданду тоҷикон ба гадоию талбандагӣ ном бароварданд. Мо се-чаҳор соли пеш як фонди хайриявиеро низ таъсис додему он тавонист дар ин муддат маблағҳоеро низ ҷамъоварӣ кунад ва барои муроҷиаткунандагон кумак кунад ва албатта кумисюни ташкилот дида мебарояду баъдан кумак мешавад. Яъне, ҳоло метавон гуфт, ки ҳар тоҷике ба кумак ниёз дорад, мо намегузорем ба назди шахсони дигар равад. То чанд рӯзи пеш мо ягон фишору монеаро эҳсос намекардему баръакс ҳукумати Маскав ба мо ёрӣ медод. Аммо ахиран ҳодисае рух дод, ки моро дар як ҳолати шок қарор дод. Ман ба кишвар сафар доштаму бачаҳоро даъват кардам, то барномаҳоро пешакӣ барои онҳо вогузор кунам, аммо ногаҳон ҳудуди 30-40 нафар корманди мақомоти қудратии рус вориди утоқи кории мо шуданду ҳамаро бозҷӯӣ карданд ва аъзои ташкилоти моро низ барои тафтиш бо худ бурданд. Ва ин ҳам дар давоми 5 соли охир бори аввал аст ва касе ҳам ин иқдомро шарҳ надодааст. Мо мутмаинем, ки дар ин кор бархеҳо даст доранд, аммо мунтазир мемонем, ки бо чӣ менаҷомад”.
Озодагон: Дар ин ҷо мехостем, дар бораи шахсиятатон низ ҳарф занед. Чаро ки аксари шарҳнависони мо Шуморо ҳамчун намояндаи ҳукумат мепиндоранду ҷуз як бозигаре беш намедонанд. Шумо дар ин бора чӣ назар дореду чӣ гуфтанӣ?
Иззат Амон: “Ман - Иззати Амон ҳастаму як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ҳар як воқеае марбут ба Тоҷикистону тоҷикон назари шахсии худро дорам. Дар ин бора барои ман касе авторитет несту зери бори касе намеравам. Аз ин рӯ, баъзан зидди касоне баромад мекунам, ки худро мухолиф эълон мекунанду хостори такрори солҳои 90-ум дар Тоҷикистонанд. Бештар дар ин бора ба кишварҳои беруна, ки маълум ҳаст, такя мекунанд. Ин баромади мо миёни бачаҳо ҳарфҳоеро ба миён меорад, ки гӯиё ман намояндаи ҳукумат ҳастам. Барои ман хидмат ба Ватан сарфи назар дар кадом ниҳоди давлатӣ аст, ҳатто амният ҳам бошад авло аст. Аммо бадбахтона моро роҳ намедиҳанд, чун назари мо дигар аст. Агар ман донам, ки маро дар амният ба кор мегиранд, чаро наравам?! Чун ин вобастагӣ ба амнияти кишвари ман дорад. Худи кормандони қудратӣ бояд инро ҳис кунанд, ки аз мардум ҷудо шудаанду мардум дар сурати онҳо душмани худро мебинанд. Яъне фазоро бояд чунин офаранд, ки мардум онҳоро дӯсти худ донанд. Ман, ростӣ, ба ин ҷиҳат зиёд аҳамият намедиҳам, ки кӣ дар бораи ман чӣ назар дорад. Ва маълум аст, ки ман як шаҳрванди Тоҷикистонаму ҳар ҷо ҳастам ё даъват мешавам, барои суханронӣ хоҳиш мекунам, маро аз ин кишвар муаррифӣ кунанд. Барои сулҳу салоҳ ва бақои Тоҷикистон талош мекунам. Умедворам, ки ояндаи кишвари мо хуб хоҳад шуд, ҳарчанд мухолифи ҳукумату барномаҳои он мебошам. Инҷо оем, моро мухолифи ҳукумат медонанду онҷо равем, намояндаи ҳукумат, чун ман назари шахсии худро дораму аз барномаҳои шахсони тундсухан фарқ мекунад”.
Озодагон: Шумо мегӯед, бо нуқтаву назар ва барномаҳои бархе аз мухолифин, ки ба қавли Шумо аз кишвари ба мо маълум ҳимоят мешаванд, зид ҳастед. Агар ошкортар дар ин бора ҳарф мезадед, хуб мешуд...
Иззат Амон: “Кишвареро ман ишора дорам, Узбакистон ҳаст, чун ҳамеша дар садади ноором кардани Тоҷикистон мебошад, тавре ки солҳои 97 ва 98 сарҳанги фирории тоҷик МАҳмуд Худойбердиевро бо чанд ҳазор аскар баргардонду болои Хуҷанд ҳамла кард. Аммо дар бораи ному ашхос чизе гуфта наметавонам, чун ба ҳама маълуманд. Бубинед, мухолифат ҳадду ҳудуд дорад, агар Шумо аз ин чаҳорчӯб рафтед берун, Шуморо дигар метавон мариз ном гирифту мухолиф не. Агар Шумо худро мухолиф медонед, барномаи худро ироа кунед. Медонам, омадану дар кишвар фаъолияти сиёсӣ кардан душвор ё имконият нест. Бархе касоне ки инҷо мехостанд, фаъолияти сиёсӣ кунанд, аз қабили Зайд Саидову худи ман, ки Зайд зиндон рафту моро ваҳҳобию салафию дигару дигар гуфтанд, то маҷбур шудем, аз ин корҳо даст кашему аз кишвар берун равем. Аммо бовар кунед, роҳҳои он нафароне, ки ман дар боло зикр кардам, иштибоҳӣ мебошад. Ҳар қадам даъват ба таҳқиру хунрезӣ кори хубе нест. Бовар кунед, агар бори дигар дар кишвар садои тир баланд шавад, онро ба нобудӣ мебарад, чун ҳар фарди оқил медонад, ки дар росту чапи мо кадом кишварҳо ҳастанд. Ҳоло мо бояд чӣ кор кунем? Он сулҳу оромии нисбие, ки дорем, бояд онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мушкил ҳаст. Муносибати ҳукумату давлати диктотурӣ нисбат ба мухолифин хуб нест, аммо ҳар режиму ҳар вазъият тағйир хоҳад ёфт. Назари ман ҳам инқилобӣ нест. Ахиран ман сафареро ба Тунис, ки Баҳори араб аз онҷо сар зада буд доштам ва дар яке аз донишгоҳҳои ин кишвар низ суҳбатҳо ҳам кардем. Баъд аз ин вохӯрӣ мо ба дафтари Наҳзати исломии Тунис омадему бо устод Ғанушӣ суҳбати тӯлоние доштем. Эшон барои ман як ҳарфи аҷибе гуфтанд, ин ҳизб дар Тунис қудратро дар даст дорад, вале устод мегуфт, мо барои расидан ба рушди вазъияти раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар баъд аз инқилоб ба 20 сол ниёз дорем. Яъне ҳар тағйироту табадуллот ва ислоҳот кишварро ба даҳсолаву бистсолаҳо ақиб мебарад. Тавре мо дар соли 90-уми инқилоб ё кудетои низомӣ доштему баъди 20 сол ҳанӯз ба худ наомадем ва ҳоло намедонем, ояндаи мо чӣ хоҳад шуд. Ин нуқтаи назари мо аст”.
ДАСТКАШӢ АЗ ТАЪСИСИ ҲИЗБ?
Озодагон: Шумо аз таъсиси ҳизби сиёсӣ даст кашидед?
Иззат Амон: “Ҳаргизу аслан! Ҳар як сиёсатшинос ё сиёсатмадор, ки аз ҳадафи дунболкардаи худ даст мекашад, ӯ аслан бозигар нест ва мо низ даст намекашему мунтазири замон боқӣ мемонем. Умедвор ҳастем, ки вақте фаро мерасад, мо ниятҳои худро дар Тоҷикистон пиёда кунем, чун мо фарзанди ин диёрему ҳаққу ҳуқуқ низ дорем. Касе мехоҳад ва намехоҳад, бояд ин ҳаққро талаб кард. Иншоаллоҳ, ҳизбро ташкил мекунем, имрӯз нашуд, фардо ҳатман. Умедворем, фардо барои ин фурсат хоҳад шуду вазъ тағйир меёбад. Режим наметавонад, 100 сол худкомаву диктотур бошад. Имкон надорад, режим бо ин диктотурию худкомагӣ давом кунад. Касоне, ки намояндаи режиманд, билохира одаманду рӯзе мераванд. Аз ин дида қудратҳои пурзӯртар буданд, вале рафтанд. Муборак буду Қаззофӣ ё аз ҳама бузург Иттиҳоди Шӯравӣ, ки рафтанд. Ҳоло куллан замона нав шудааст”.
Озодагон: Дар робита ба интихоботи парлумонии соли 2015 чӣ мақсаду ниятҳо доред? Иштирок мекунед?
Иззат Амон: “Барои мо барои иштирок дар ягон маъракаи сиёсии Тоҷикистон имкон набуд, вале мо тамоми талоши худро мекунем, то иштирок кунем. Ҳоло вобастагӣ ба худи ҳукумати Тоҷикистон дорад, ки моро бо кадом унвон қабул мекунад. Ман мутмаинам, ки агар як интихоботи озоду шаффоф баргузор шавад, мо чӣ ба унвони номзади худпешниҳод ё номзади ягон ҳизб овози зиёди мардумро ба даст меорем. Агар ба шарте шаффоф гузарад”.
НОРОЗИГӢ АЗ БАРНОМАҲОИ ҲУКУМАТ
Озодагон: Бештар Шумо аз кадом барномаҳои ҳукумат норозиед?
Иззат Амон: “Яке аз самти барномаҳое, ки моро норозӣ кардааст, ин сиёсати пешгирифтаи ҳукумат бо мухолифин аст. Чун бубинед, мо як худро як кишвари демократию ҳуқуқбунёд эълон кардем ва ҳар куҷо меравем, ҳарф аз демократия мезанем, дар сурате ки чунин нестем ва ин моро норозӣ мекунад. Нисбат ба сиёсати хориҷию геополитикии Тоҷикистон низ баъзе хӯрдагириҳо дорам, чун ман мутахассиси ин соҳа мебошам. Академияи дипломатии Маскавро хатм кардааму дар ин соҳа таҳқиқотеро низ дорам. Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон метавон гуфт, ки он дар арсаи минтақаӣ барои ҳифзи манофеи миллӣ истодагарӣ намекунад. Аслан зидди додани замин ба Чин мебошаму мехоҳам ҳар ширкате дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, воқеӣ бошаду на ин ки намояндаҳояшон дар ин кишвару худу ҳисоботашон дар давлати дигар бошанд. Баъзе аз барномаҳои иқтисодӣ, ки мехоҳем, инҷо амалӣ шавад, ин додани озодӣ ба соҳибкору тоҷирон мебошад. Чун имрӯз аксари тоҷирон аз вазъи мавҷуда норозиянд. Ҳукумат бояд як назари мусбат дошта бошад. Вақте як тоҷир ё сармоягузору соҳибкор меояд, бояд ҳукумати Тоҷикистон ба ӯ фазои хуби соҳибкориро омода кунад. Мо садҳо сармоягузорро метавонистем, аз Русия ба инҷо орем, аммо баъди қазияи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик ба муҳлати 26 сол касе аз сармоягузорон дигар гапи моро гӯш накард. Шахсан худам мехостам, як сармоягузори бисёр номдори рус дар соҳаи сохтмонро биёрам ва омодаи сармоягузории миллионҳо доллар буд ва ҳатто миқдори муайяни маблағ низ ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд, то ширкати сохтмонӣ таъсис шавад, аммо бо ҳасб шудани Зайд Саидов ӯ даст кашид аз ин кор. Бубинед, вақте як соҳибкор барои фаъолияти сиёсияш зиндонӣ мешаваду фазоро бозгӯ мекунад, чӣ таъсире барои фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон дорад. Инҳо мардумро метарсонанд. Худи ҳукумат ва ниҳодҳои тафтишкунандаи давлатӣ ба истилоҳ як шамшере болои соҳибкорон доранд. Мутмаинам, агар Тоҷикистон як фазои бози иқтисодию сиёсӣ дошта бошад, миллиардҳо доллар дар инҷо сармоягузорӣ мешавад. Бисёр сафарҳо дораму бо сармоягузорон суҳбат мекунам ва инчунин як шахсияти шинохта дар Русия мебошам, ҳама аз мо меоянду мепурсанд, чӣ кор кунем, вале мо шарм медорем, гӯем, ки ба Тоҷикистон оед. Зеро таърихи сармоягузорони қаблӣ ҳарос эҷод кардааст. Яъне имкон дорад, ҳар лаҳзаву замон як Аҳмад ё Маҳмад ояду ширкати туро соҳиб шавад. Дар ин бора таърихи Умаралӣ Қувватов метавонад, мисоли равшане бошад, ки ширкати “Фароз”-и ӯро гирифтанду аз кишвар берун карданд”.
“КУШОДУ РАВШАН МЕГӮЯМ, КИ...”
Озодагон: Оқои Иззат, аз интихоботи президентии ахири Тоҷикистон наздики як сол сипарӣ мешаваду корзоре буд, ки Эмомалӣ Раҳмонро барои бори чаҳорум дар курсии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон шинонд. Дар ин муддат чӣ тағйиротеро дар кори мақомот эҳсос кардедё мекунед?
Иззат Амон: “Ростӣ гап, аз замони аввали раёсати ин шахс, ки соли 1994 буд, то кунун ягон ислоҳотеро надидаам ва Худо кунад, ки давоми 7 соли дигар пешравие шавад. Ман аслан кушоду равшан мегӯям, эшон бояд ҷаҳонро бо чашми дигар нигаранд. Зеро вақте фарзанди ин кас дар синни 26-солагӣ рутбаи ҳарбии генералӣ мегираду мақоми баланди бисёр муҳтарами кишварро соҳиб мешавад, ки тақрибан 70 ё 80 дарсади даромади буҷаи давлатро пур мекунад, кори хубе нест. Бахусус замоне ки як ҷавон асту масъулияти худро намешиносад ва боз аз он ном мегирем, ба унвони як дастовард. Ин нафар ҳеч кори мутахассисиеро дар ин соҳа накардааст ва боз ҳам мебинем ҳамон хешутаборбозӣ. Ҳоло ҷаҳон дигар шудааст. Шояд худи шахси раиси ҷумҳур ё командаи эшон агар хоҳанд, кореро анҷом диҳанд, вале дарк карда наметавонанд, ки барои чӣ ҳар коре мекунанд, натиҷа як аст. Бубинед, дар давоми 22 сол кадом ислоҳоти иқтисодӣ пиёда шудду натиҷа гузоштаанд. Даҳ ё 5 соли пеш се барномае, ки баромадан аз бунбасти озуқаву энергетикию комунналӣ буд, ҳамон боқӣ мондаанду мушкил ҳам ҳамон тавр мондааст. Вазъи ин самтҳо бадтару беҳтар нашудааст. Яъне худи эшон натавонистанд, он барномаҳое, ки даҳ соли пеш гуфта буданд, натиҷагирӣ кунанд. Наметавонам, натиҷаи ин 22 солро мусбат гӯям. Бисёр умед дорам, шахсияти раисиҷумҳур, ки як шаҳомате доранду вақте ба дигар давлатҳо мераванд, мо фахр мекунем, дар ин 5 ё 6 соли оянда як Тоҷикистони навинеро барои тоҷикон месозанд”.
Озодагон: Манзуратон аз 5-6 соли оянда чист?
Иззат Амон: “Бубинед, диктотурӣ ҳеч вақт бо як услуби хос наметавонад биравад. Диктотур ҳама вақт метавонад ба ҳар шакле собит бимонад. Ҳоло бисёриҳо ҳадс мезананд, ки таъин шудани Рустами Эмомалӣ ба мақоми раҳбари Хадамоти гумрук ин омодагӣ ба мақоми раиси ҷумҳурӣ аст, вале ман ба ин назар нестам. Ман бар ин назарам, ки корҳое, ки тӯли 22 сол мешаванд, масалан тағйиру иловаҳо ба Конститутсия. Диктотур метавонад бидуни кадом як ислоҳоту тағйирот боз давом додан гирад. Ҳамчуноне ки Ислом Каримов гуфт, ман намехоҳам биравам. Эшон ҳам метавонад бигӯяд, на ман намехоҳам биравам баъд аз 7 сол. Кӣ метавонад бигӯяд, на, бояд биравӣ. Кӣ? Яъне он фазо омода нест. Ҳар касе гуфт, на, бояд биравӣ, ҳабс шуд. Барои ҳамин, ҳарчӣ мо бигӯем, намедонам, фоида дорад ё на. Вале, ҳатто агар фарзанди эшон ё ягон нафари дигар ҳам бишавад, навигарӣ мешавад. Чунки ҳар шахсе ки меояд, мехоҳад, барномаҳо ва орзуву омоли худро нисбат ба кишвараш пиёда кунад”.
АГАР КАБИРӢ НАБОШАД ЧӢ?
Озодагон: Пештар мубориза бо Ҳизби наҳзати исломӣ бо шахсҳои алоҳидааш буд, бо баъзе узвҳои алоҳидааш буд, лекин дар як соли охир ба қавли коршиносон мушоҳида мешавад, ки мубориза бо худи наҳзат аст, барои аз байн бурдан ё шикастани наҳзат талош мешавад. Аз нигоҳи Шумо чаро бо ҲНИТ ин қадар сахт печидаанд?
Иззат Амон: “Ин ҳам боз бар мегардад ба мушкили низом. Наҳзат дар худи худ ба мардуму ба кишвар ҳеч хатар надорад. Наҳзат хатар дорад ба ҳукумат ва режими имрӯза. Чаро? Бубинед, аз рӯзе, ки устод Кабирӣ раёсати наҳзатро ба дӯш гирифт, як шӯру шанге дар наҳзат эҷод шудааст. Яъне, хеле аз ҷавонон мехоҳанд дар наҳзат бошанд. Чунки будани шахсияте мисли Кабирӣ наметавонад ҷавононро канор бигузорад, ки дар равандҳои сиёсии кишвар ҳамроҳ бошанд. Бинобар ҳамин, як шахсият - Муҳиддин Кабирӣ буд, ки наҳзат комилан дигар шуд. Яъне, шахсияти Кабирӣ мисли як хонаи занбӯрро мемонд, ки занбӯрҳои дигар, яъне ҷавононро ба наҳзат ҷалб кард. Ва албатта барномаҳои худи наҳзат, вохӯриҳои раҳбарияти он бо мардум, мешавад гуфт, ҳукумат ва режимро тарсонд”.
Озодагон: Мушкил сари Кабирист? Агар Кабирӣ набошад чӣ?
Иззат Амон: “Ҳоло, намедонам, агар Кабирӣ ҳам набошад...ба ҳар ҳол наҳзат як лонаи ҷавонон шудааст, як Каъбаи ҷавонон шудааст. Ҳар ҷавоне, ки мехоҳад худашро дар кишвар ёбад, худашро дар канори наҳзат мезанад. Ҳар ҷавоне, ки мухолиф асту садо ё ба қавле трибун надорад мехоҳад биравад худашро дар қатори наҳзат дар кишвар пиёда кунад. Яъне, ҳамон қалби моломоли дарди худро дар наҳзат даво кунад. Бинобар ин, ҳукумат ҳам инро мебинад, рӯз то рӯз боло рафтани обрӯи наҳзат ва худи шахсияти Кабириро, ки чанд рӯз пеш даъвои ҳукумат ҳам карданд... баъд аз чандин сабуриҳо. Чанд бор гуфта буд, дар ҳама ҷо таъкид кард, ки мо метарсем, сабри мо сабри ҳукуматро нашиканад ва шикаст”.
ҲНИТ БАСТА МЕШАВАД?
Озодагон: Оё имкон дорад, ки мақомот наҳзатро бубанданд?
Иззат Амон: “Оре, ҳукумат на танҳо наҳзат, имкон дорад 40 ҳазор узви наҳзатро маҳбас кунад. Ҳукумат имкон дорад, ки худи Кабириро бубандад. Дидем, тӯли таърих, ки аз ҳабс кардани як нафар аслан намеҳаросанд. Бидуни кадом як сабаб, ҷинояту ҷурму гуноҳ бубанданд. Ин дигар чизи одӣ аст”.
Озодагон: Вале паёмадаш чӣ хоҳад буд?
Иззат Амон: “Бубинед, Зайд Саидовро бе ҳеч гуноҳе ҳабс карданд, ин қадар фишорҳо болои ҳизби сотсиал-демократ, болои худи шахсияти Раҳматулло Зоиров ё болои худи наҳзатиҳо ва дигар дигарандешон. Оё касе пайомади инро фикр кард? Яъне, вақте режими худкома мебиёяд, як барномарезӣ мекунад, як коре мекунад, ҳеч вақт паёмадашро фикр намекунад. Чаро? Барои ин ки ҳанӯз дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ эҷод нашудааст. Яъне, ба қавли сиёсатшиносон “социальный заказ” нашудааст. Яъне, ҷомеа омода нест, ки вокуниш нишон бидиҳад. Режим ҳар кореро, ки мехост то ин вақт карда истодааст. Фақат ба хотири он аст, ки ҷомеа хоб аст. Агар ҷомеа бедор бошаду ҳаққи худро талаб кунад, он вақт режим фикр мекунад, агар ман ин корро бикунам, баъдаш чӣ мешавад. Ҳоли ҳозир ин тур нест. Шояд дар ин маврид то чанд соли дигар шанси бештар дошта бошад. Чуноне, ки Бин Алӣ ин корро анҷом дода буд. Якбора дидем, ки эшон худашон бо як тарзи шармандовар фирор карданд. Чор руз тайёраашон дар осмон парвоз мекард. Ҳеч кишваре аз кишварҳои Аврупо омода набуданд, эшонро қабул кунанд. Ва дидем, ки тамоми хонаҳо, кушку қасрҳои хешу таборҳои эшонро сӯзонданду онҳоро қатл карданд. Он вақт ҷаноби Бин Алӣ фаҳмиданд, ки иштибоҳ кард. Яъне, режимҳои худкома он вақт ба натиҷае мерасанд, ки дер мешавад. Вале ман оптимист боқӣ мемонам ва фикр намекунам, ки вазъи имрӯзаи Тоҷикистон нисбат ба озодии сухан, озодии матбуот он тавре ки имрӯз аст, боқӣ бимонад. Беҳтар мешавад.”
БАҲСИ УЗБАКУ ТОҶИК
Озодагон: Ҳама медонанд, ки Тоҷикистон бо Узбакистон ва ё Узбакистон бо Тоҷикистон мушкил доранд. Ин мушкил хеле кӯҳна аст. Роҳи ҳалли он аз нигоҳи дипломатӣ, илмӣ ва аз таҷрибаи Шумо чист? Бисёриҳо мегӯянд, бояд гуфтугӯ кунанд. Тӯли ин солҳо, албатта, гуфтугӯҳо доштанд. Роҳбарият дар баъзе созмонҳо ва ё нишастҳо якҷоя ҳастанд. Дар нишасти узви сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил якҷоя буданд ва паҳлӯи ҳамдигар нишастанд. Салому алейк мекунанд. Сӯҳбат ҳаст, вале бо вуҷуд, мушкил ҳалли худро наёфтааст. Роҳи ҳал дар чист?
Иззат Амон: “Бубинед, дар чандин ҷой ва дар чандин сӯҳбатҳо ҳам гуфта будам, мушкили Тоҷикистону Узбакистон, мушкили худи Тоҷикистону Узбакистон нест. Мушкил, мушкили роҳбарият ҳаст. Роҳбарияти Тоҷикистон ва роҳбарияти Узбакистон. Албатта сахт аст дар ин бора гуфтан. Ман, масалан, ба Узбакистон зиёд сафар дорам. Дӯстони зиёд дорам. Ҳамкурсони ман баъзеаш дар курсии Вазорати корҳои хориҷӣ ҷой доранд, ҳатто дар симати ҷонишини вазир ҳам кор мекунанд. Мо ин сӯҳбатҳоро мар маъракаҳояшон мегӯем ва мепурсем, ки чаро? Ду миллати бо ҳам наздик бо ҳам душман шуданд? Онҳо ҳам дарк намекунанд ва намефаҳманд. Масалан 70-80 дарсади тоҷикон дар Узбакистон хеш доранд ва аз онҳо ҳам ҳамчунин. Агар роҳбарияти кишвар масалан, ана, ҳамин хешу табориро, ана ҳамин наздикиро, ки ду миллатро ҳис мекарданд, ҳаргиз ба ин бумбаст намерасиданд. Яъне омили асосии душманӣ, ин роҳбарони кишвар аст. Дар ин ҷо дигар манофеи милливу давлатӣ нест. Манофеи иқтисодӣ ҳам нест. Дуруст аст, ки ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ҷузъе аз манофеи Узбакистон аст, вале чаро Узбакистон новобаста ба ин болои мардуми худаш фишор меоварад, ки аз Тоҷикистон онҳо хело вобастагӣ доранд? Хусусан сарҳад? Боз ҳам бармегардем, ба шахси худи муносибати Каримов. Чаро ин корро мекунад? Зеро ки мехоҳад раиси ҷумҳури мо, ҳукумати мо ҳамеша мисли солҳои Шӯравӣ балегӯи онҳо бошад, ки аслан ин кор имкон надорад. Ҳар вақт дар телевизиони Узбакистон барномаеро пахш мекунанд, ки раисиҷумҳури мо ба Узбакистон рафта, Ислом Каримовро бародар хонданд. Ҳама вақт онҳо раиси ҷумҳури моро муттаҳам мекунанд, ки: ин мо будем, ки Шуморо қудрат додем ва кумак кардем, ки сари қудрат омадед ва илло масалан оқибати Шумо фалону бисмадон буд. Филмҳои гуногун пахш мекунанд. Дар ҳар як филм масалан Узбакистон яроқ додааст, барои мардум мавод додааст ва ба Хатлон озуқа додааст. Ман намедонам, шояд додааст, шояд надодаст. Вале ба ҳар ҳол, ин як хӯрдагириҳоест, ки масалан аз ҷониби Узбакистон нисбати мо таҳмил мешавад. Вале паҳлӯи дигари ин мушкил. Ҳоло бигзарем аз эҳсосоти тарафайн. Паҳлуи дигари мушкил ин аст, ки воқеан ҳам ман ҳамчун як дипломат, мутахассиси ҳамин соҳа, фаъолияти Тоҷикистонро, умуман дар умури муносибати дипломатӣ дар ин самт умуман сифр мебинам. Яъне фаъолияти сафоратхонаи Тоҷистон дар Узбакистон сифр аст, яъне ҳеч кореро анҷом надодааст, ки равобит беҳтар шавад. Бубинед, Узбакистон дар минтақа абарқудрат аст ва мехоҳад, ки дигарон низ вайро ҳамчун давлати абарқудрат бишносанд. Биёед, мо як гузашт дошта бошем. Вазъ дигар мешавад. Ислом Каримов масалан мурдан дорад. Мо мутмаинем, ки Ислом Каримов, ки мурд, вазъ дигар мешавад. Шояд нафаре, ки меояд, ҳар касе набошад, вазъ дигар мешавад. Вале ман боз бармегардам ба ҳамон ҳамсояҳои худ. Ҳамон нафароне, ки дар сафорати Узбакистон нисбати гуфтугӯи ана ҳамин ду кишвар, гуфтугӯи байни ду кишвар як фаъолиятҳое бештаре дошта бошанд, ки равобит беҳтар гардад ва илло бо ту ту ҳастӣ, ман ман ҳастам гуфтанҳо равобит беҳтар нахоҳад шуд”.
Озодагон: Фикр намекунед, дар тӯли тақрибан 20 соли муносибатҳои сарди Тоҷкистону Узбакистон як бадбинӣ миёни мардуми ду кишвар ҳам пайдо шудааст?
Иззат Амон: “Мусаллам аст дигар. Аммо гумон накунам, ки барои оянда хавфи зиёд дошта бошад. Чунки ин бадбинӣ сунъӣ буд, аз роҳи сунъӣ ба вуҷуд омадааст. Вале вақте рафту омад боз мешавад, муносибат одӣ мешавад, роҳҳои фарҳангӣ боз мешавад, ин вазъятро хубтар хоҳад кард. Яъне ду миллат: тоҷику узбак ногузиранд, ки бо ҳам дӯсту наздик бошанд, чаро ки мо дигар аз он тараф Афғонистон дорем, Афғонистони ҷангӣ. Ҳамагӣ як роҳ барои баромадан аз бунбаст, яъне Узбакистон аст. Барои мо ногузир аст, ки дар баъзе ҷойҳо гузашт кунем, дар баъзе ҷойҳо камӣ биёрем”.
АЗ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ, БАЪД БА ТУРКИЯВУ СУРИЯ
Озодагон: Бархе аз руҳониёни тоҷик гуфтанд, ки ҷавонони тоҷикро аз Русия ба Сурия мебаранд ва Шумо, ки дар ин кишвар ҳастеду бо муҳоҷирон ҳам дар тамосед, дар ин бора чӣ назар доред?
Иззат Амон: “Албатта, ин ҳақиқат дорад. Зеро ду омил аст, ки метавонад ҷавонони тоиҷку қирғиз ва узбаку қазоқро ба ҷангҳои Сурия барад. Ин фазои бози сиёсӣ ва динии Русия мебошад. Яъне даъватгарон имкони наздик шудан бо мардумро доранд. Вазъи муҳоҷирон низ инҷо нақши муҳим дорад. Яъне мушкили иқтисодӣ. Худи ман инро бисёр аҳамият додааму ҳатто сафаре доштам ба Туркия ва суҳбат ҳам кардаам бо муҷоҳидини тоҷик. 70 ё 80 дарсади онҳо вазъи бади иқтисодӣ доштанд. Барои мисол, як муҳоҷири тоҷик меравад, Русия бо гузашти 15 сол ҳам вазъаш тағйир намеёбад ва аз дурии зану фарзанд ва вазъи бадаш нодаркории худро эҳсос мекунаду мегӯяд, ҷое равад, ки тавонад хостаҳои худро пиёда кунад, аз ин рӯ, роҳ сӯи кишваре мешаваду мубориза мекунад, бо зулм. Баъзе аз мушкилиҳо ҳаст, ки инсонро водор мекунад, то худро раваду тарконад ё ҷиҳод кунад. Бо ин оморе ки мегӯянд, 90 ё 100 ҷавони тоҷик дар Сурия ҳаст, розӣ нестам, чун тамоси мустақим бо муҷоҳидини тоҷик дар Туркия доштаму ин оморро онҳо аз ҳазор нафар зиёд арзёбӣ мекунанд. Ҳудуди 500 нафари онҳо дар қатори ҷангҷӯёни ДИИШ (Давлати исломӣ дар Ироқу Шом) меҷанганд. Яъне фаҳмида мешавад, аз роҳи зӯрию таъқиб наметавон, онҳоро баргардонд. Чун инҷо ҷанг ҷанги идеологӣ асту танҳо бо роҳи идеологӣ метавон баргардонд. Дар кишвар як фазои бози динӣ бояд сохт, то барои баргаштани онҳо замина шавад дар сурати ғайр онҳоро низ даъват мекунанд, ки дар Тоҷикистон низ ҳиҷобу риш манъ асту ҷиҳод фарз мебошад. Онҳо мушкилиҳои зиёди динии Тоҷикистонро ном мегиранд. Албатта онҳо наметавонанд, таъсири сахт расонанд, аммо ба ҳар ҳол боиси ноором шудани вазъ хоҳанд шуд”.
Озодагон: Одамоне, ки Шумо суҳбат кардед, дар Туркия чӣ кор мекарданд?
Иззат Амон: “Роҳе, ки муҷоҳидин аз Русия ба Сурия мераванд, ин тавассути Туркия аст. Яъне ба Истанбул меоянду баъди омӯзиш роҳ сӯи Сурия мегиранд. Ҳатто бархе аз ҳамватанони мо ҳамроҳ бо зану фарзандҳои худ рафтаанд ва ҳоло ин кор ба қавле “модда” шудааст. Ман намефаҳмам, чи гуна онҳо ҳамсари худро мутақоид месозанду мераванд, дар як вазъи баду бадбахтӣ зиндагӣ мекунанд. Ман гуфтам, биёед ба Тоҷикистон, обод кунед, Ислом барои сохтан омадааст, на барои сӯхтан. Биёед дар Тоҷикистон ҷиҳод кунед, ҷиҳоди ободкорию созандагӣ. Боғ обод кунед, паёмбару Худо ҳам нагуфтааст, равед дар кадом як кишвар баробари абарқудратҳо ҷанг куну кушта шав. Оқибати ин ҷангҳо ба ҳама маълум аст”.
“БАРОИ ТАЪҚИБУ ФИШОР ОМОДАЕМ”
Озодагон: Шумо ба унвони як фаъоли ҷамъиятӣ ва роҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ сӯҳбатҳо мекунед. Баъзе сӯҳбатҳои тунд ҳам мешавад. Бархӯрди мақомоти тоҷик бо Шумо чӣ гуна аст?
Иззат Амон: “Дуруст аст, ки ҳар як инсон барои ҳар як гапаш бояд ҷавоб гӯяд. Албатта, баъзе ҷойҳо даъват мешавем, суҳбат мекунем, вале инро ба унвони фишор наметавонам номгузорӣ кунам, ки ин фишор аст. Ба ҳар ҳол ҳукумат амният дорад ва амният бояд, ки фаъол бошад. Баъзе аз чизҳо ва сӯҳбатҳое, ки мо мекунем шояд ба гурӯҳҳое маъқул нест. Бинобар ҳамин, барои ҳарфҳои задагии худ, барои ҳарфҳои навиштаи худ мусаллам аст, ки мо бояд ҷавоб гӯем ва ҷавоб ҳам мегӯем. Мо омодаи ҳама гуна таъқибу фишор ҳам ҳастем, чунки озодӣ ба худи худ ба даст намеояд. Ҳатман қурбонӣ талаб мекунад. Аввалин қурбонии озодӣ дар Тоҷикистон Зайд Саидов ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҳастанд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки ҷони худро, амволи худро барои кишвар, барои озодии кишвар, озодии баён, озодии матбуоти демократӣ қурбон карданд. Ҳоло агар Иззат Амон ҳам, ки бигӯем ҳабс шуду ба зиндон рафту қурбонӣ шуд, чизе нест. Вале гумон накунам, ки то ба он ҳад марзро убур кунем, ки масалан ба мо таъқиб ва фишор шавад. Боз ҳам мегӯям, ман мухолифи шахсият нестам. Мухолифи Ислом Каримов ва ё Эмомалӣ Раҳмон нестам. Ман мухолифи барномаҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳоям. Масалан ҳамеша ҳар ҷо, ки дидам, иштибоҳ аст, ва ин роҳест ки ба Туркистон аст, ҳатман гуфтам. Новобаста ба оне, ки ба кӣ маъқул аст, мефорад, намефорад, гуфтам. Ҳамин аст, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамин аст, ки вақте Шумо демократия мегӯед, ҳар як инсон фикри худашро эълон мекунад, иброз медорад. Ҳоло ман агар аз таъқиби фишор тарсам, пас
Мӯҳр