Ислом Каримов: Дастовардҳои Қазоқистон дар ҳамаи бахшҳо ба номи Нурсултон Назарбоев марбут аст
Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон дар номаи шодбошие унвони ҳамтои қазоқаш, Нурсултон Назарбоевро бо рӯзи мавлуд табрик гуфтааст.
Бино ба иттилои маъмурияти Назарбоев, дар нома аз ҷумла гуфта мешавад, ки дастовардҳои Қазоқистон дар ҳамаи бахшҳои давлатӣ ва бунёди ҷамъиятӣ, ҳамчунин ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки барои рушди мардуми қазоқ равона шудааст, бевосита ба номи Нурсултон Назарбоев марбут аст.
“Боварӣ дорам, ки муносибатҳои дарозмуддати Узбакистону Қазоқистон, ки дар пояи дӯстии бисёрасра, некҳамсоядорӣ ва эҳтироми тарафайн ба миён омадааст, минбаъд ҳам тақвият меёбанд”,-омадааст дар номаи Ислом Каримов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |