Ҳимояти раиси “Тоҷикстандарт” аз шоколадҳои Петр Порошенко
Бахтиёр Шукурзода, раиси Тоҷикстандарт, сарусадо дар бораи зараровар будани маҳсулоти қаннодии корхонаи “Рошен”-ро, ки марбут ба Петр Порошенко, миллиардер ва раисиҷумҳури феълии Украина аст, рад намуд.
Шукурзода изҳор дошт, ки дар пайи сарусадо оиди зараровар будани ширриниҳои “Рошен” чанд бор ин маҳсулотро аз санҷиш гузарондаанд, аммо маводи зараровареро пайдо накардаанд. Роҳбарияти “Тоҷикистандарт” бо зикри ин таъкид намуд, ки ягон маҳдудияте барои воридоти маҳсулоти “Рошен” ба Тоҷикистон роҳандозӣ нашудааст.
Масъулини ин ниҳод далели камёфт шудани шириниҳои “Рошен”-ро дар бозорҳои Тоҷикистон нооромиҳои Украина гуфтанд, ки боиси коҳиши воридоти ширинӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон шудааст.
Қаблан Русия эълон намуд, ки шириниҳои “Рошен”, ки марбут ба миллиардер ва раисиҷумҳури феълии Украина, Петр Порошенко мебошанд, зарароваранд, аммо масъулини кишварҳои дигари ИДМ маводи зараровареро дар таркибашон пайдо накарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |