Боздошти “пулис”-ҳои қалбакӣ барои ғорати тоҷикон
Раёсати умури дохилии вилояти Маскав аз боздошти кормандони “тақаллубӣ”-ии пулис хабар дод, ки муҳоҷирони тоҷику узбакро ғорат мекардаанд.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод се нафари боздоштшуда ҳуҷҷатҳои тақаллубии корманди пулисро пешниҳод карда, аз муҳоҷирон маблағи аз 10 то 40 ҳазор рубл меситондаанд: “Ин афрод баъди он боздошт шуданд, ки яке аз ҷабрдидагон, шаҳрванди Тоҷикистон ба қисми навбатдории ноҳияи Раменск муроҷиат кардааст. Ӯ арз дошт, ки се нафар худро корманди пулис муаррифӣ намуда, бо истифода аз зӯрӣ 38 ҳазор рубли русияшро гирифтаанд.”
Дар пайи амалиёт се сокини ноҳияи Раменск боздошт шудаанд, ки якеаш барои ҷинояти ҳамсон доғи судӣ доштааст. Онҳо иқрор шудаанд, ки ҳуҷҷатҳои тақаллубии корманди пулисро пешниҳод намуда, аз муҳоҷирон маблағ мегирифтаанд. Онҳо шоҳидӣ додаанд, ки муҳоҷирон ба онҳо зуд бовар намуда,чун камбудиҳои ҳуқуқӣ зиёд доштанд, аксаран бечунучаро маблағ медодаанд.
Раёсати умури дохилии вилояти Маскав мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба онҳо 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |