Марги Сафоуддин, захмӣ шудани 7 сокини Ворух, шарҳи Бишкек ва назари табибони тоҷик
Табибони беморхонаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мегӯянд, дар пайи тирпаронии рӯзи 10 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаи “Озодагон”, феълан вазъи саломатии се нафар аз маҷруҳон вазнин буда, як нафараш дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Манбаъ таъкид намуд, ҳамаи маҷруҳшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, аз тир дар қисмати дасту пой ҷароҳат бардоштаанд. Мусоҳиби мо илова намуд, миёни маҷруҳон як нафар сарбоз низ буда, боқимонда шаҳрвандони мулкиянд.
Манобеи мо дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара мегӯянд, низомиёни қирғиз дар маҳалли Бедак ба сӯи сокинони одии Тоҷикистон тир кушодаанд, ки машғули таъмири қубури обгузар будаанд. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон бо пахши як иттилоия тирпарронии 10 июлро дар марз бо Тоҷикистон шарҳ дода, дар сар задани он шаҳрвандони тоҷикро муттаҳам кардааст.
Тибқи иттилоияи марзбонони қирғиз “ҳудуди 30 шаҳрванди Тоҷикистон азм доштаанд, аз қаламрави Қирғизистон аз дарёи Каравшин ба деҳаи Бедаки Ворух қубури об гузаронанд. Ҳайати марзбонони қирғиз ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, талаб кардаанд, ки кор қатъ шавад, чун ин минатақаи наздисарҳадӣ аломатгузорӣ нашудааст. Дар ҷавоб шаҳрвандони Тоҷикистон ба суи марзбонон санг партофтаанд ва марзбонон ба сӯи ҳаво тир холӣ намудаанд. Ҳайати марзбонони тоҷик, ки дар он наздикӣ қарор доштааст, ба сӯи қирғизҳо тир холӣ намудааст. Дар натиҷа миёни марзбонҳо тирпаронии кӯтоҳ сурат гирифтааст.”
Мақомоти қирғиз мегӯянд, барои ташаннуҷ наёфтани вазъ ташкили мулоқоти ду ҷониб дар назар аст. Ин манбаъ мегӯяд, зимни қазия аз ҷониби Қирғизистон касе зарар надидааст.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешуд, имрӯз бояд ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара мавзӯи сохтмони роҳҳоро баррасӣ мекарданд. Бо ин ҳол, то кунун мақомоти Тоҷикистон тирпаронии ҳарбиёни қирғиз ва ҳалокати як сокини Воруху маҷруҳ шудани ҳафт нафари дигарро расман тасдиқ нанамудаанд. Ҷалолиддин Садриддинов, масъули дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, гуфт, "ба мо ҳам чунин хабар расид, аммо тафсилоташ нест".
Дар сурати таъйидаш, ин дувумин тирпаронии маргбор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд. Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи ду кишвари ҳамсоя тирпаронии сарҳадбонони тоҷику қирғиз сурат гирифт, ки дар пайи он аз ду тараф чанд нафар маҷруҳ шуданд. Агарчӣ ҷонибҳо якдигарро барои оғози тиркушоӣ муттаҳам карданд, вале то ҳол натиҷаи таҳқиқи он ошкор нашудааст. Он вақт Қирғизистон сафири худро аз Тоҷикистон фаро хонда, гузаргоҳҳои марзиро баста буд. Танҳо баъд аз чанд даври музокироти ҳайатҳо Бишкек гузаргоҳҳоро боз намуда, инчунин, сафири навашро дар Душанбе таъин кард, ҳанӯз ба кори худ шуруъ нанамудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |