Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Додситонии кулли кишвар, ки дар “Кохи Ваҳдат”-и Душанбе баргузор гардид, аз хариду фурӯши одамон, бахусус занону кӯдакон, изҳори ташвиш карда, онро шармандагӣ ва барои миллати мо бегона донист.
Ӯ рӯзи даҳуми июл, ҳангоми суханронияш, дар хитоб ба мардону ҷавонони тоҷик гуфт, “таърихи миллати соҳибтамаддуни мо ягон вақт ҳодисаи аз ҷониби ҷавонмардони худ ба хориҷа бурда, фурӯхтани зани тоҷикро ёд надорад. Куҷо шуд нангу номуси миллӣ, ватандорӣ ва виҷдону имони мусулмонии мардону ҷавонони мо?!”
Раиси ҷумҳур афзуд, “шахсоне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади худ занону духтарони мардумро бо роҳи фиреб ба хориҷа бурда мефурӯшанд, тасаввур намекунанд, ки агар касони дигар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад”.
Бо зикри ин нукта Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти додситонӣ, Вазорати умури дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи занон, Кумитаи дин ва Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон хост, бо қабул шудани қонуни нав “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” муборизаро бо ин зуҳурот пурзӯр намоянд.Зикри нооромиҳо дар хориҷ ва даъват ба ҳушёрӣ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки яке аз сабабҳои асосии ташкили ин мулоқот зиёд шудани арзу шикоятҳои мардум аз болои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ мебошад. Ӯ мансабдоронро ба масъулиятшиносӣ даъват намуда, дастур додааст, ба арзи мардум фавран расидагӣ карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон аз равандҳои номатлуби сиёсӣ ва ноустувории авзоъ дар минтақаю ҷаҳон ва ҳамчунин аз вазъи кунунии ҷиноӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратиро ба омодагии хуби касбӣ, ҳушёрию зиракӣ даъват намуд.
“Разбор”-ҳои маргбори мактаббачаҳо
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин афзоиши ҷинояткориро миёни ноболиғон мояи нигаронӣ хонда, зикр намудааст, ки агар дар соли 2010 ноболиғон дар қаламрави кишвар 530 ҷиноят содир карда бошанд, ин шумора дар соли 2013, 33 дарсад боло рафта, ба 725 расидаааст: “Ҷинояти авбошии фоҷиабор аксар ҳолатҳо дар заминаи муноқишаҳои байнимактабии наврасону ҷавонон сурат мегирад, ки бештар дар Душанбе ба назар мерасад.” Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз бемасъулиятии баъзе падару модарон интиқод намудааст, ки ба фарзандони ноболиғашон имконияти идора кардани воситаҳои нақлиётро дода, ҳаёти худи онҳо ва дигаронро зери хатар мемонанд.
Ҷазои ронандаҳо барои қонуншиканӣ сангинтар мешавад
Дар идомаи баррассии садамаҳои нақлиётӣ раисиҷумҳур илова намудааст, “роҳу нақбҳои мошингарди сатҳи ҷаҳонӣ сохта ба истифода додани мо на ба он хотир аст, ки суръати ҳаракати мошинро аз меъёр зиёд намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар гузорем”. Ӯ дастур додааст, ҷазои маъмурию ҷиноятӣ ва моддӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ ва боис шудан ба садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва ҳамчунин роҳ додани ноболиғон ба сари чамбараки мошин бояд шадид карда шавад: “Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории ин соҳа таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.”
Хулосаи президент: “Ҳанӯз ҳам силоҳ дар дасти афроди ҷиноятпеша мавҷуд аст...”
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри афзоиши ҷиноятҳо бо истифода аз яроқу аслиҳа хулоса кардааст, ки “ҳоло ҳам яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ дар дасти шахсони ҷиноятпеша мавҷуд аст”. Ӯ дастур додааст, барои дарёфту мусодира намудани аслиҳаи оташфишон аз дасти нафарон ва гурӯҳҳои ҷинояткор чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.
Амалиёти ғайрикасбии мақомот зарба ба обрӯйи ҳукумат аст
Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки амалиёти мақомот касбӣ ва бомасъулиятон гузаронда шаванд: “Барои дар сатҳи зарурӣ ва босифат анҷом ёфтани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи кадрҳои соҳа ва сатҳи донишу малакаи касбии онҳо зарур аст. Ҳар як амали дар сатҳи ғайрикасбӣ, бесифат ва ё бе масъулияти зарурӣ иҷронамудани кормандони соҳаҳои номбурда зарба ба обурӯ ва нуфузи давлату ҳукумат мешавад.”-афзудааст Эмомалӣ Раҳмон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |