Microsoft аз пуштибонии Windows 7 даст мекашад
Ширкати бузурги барномасозӣ Microsoft дар бораи қатъи “пуштибонии бунёдии” Windows 7 дар оғози соли 2014 эълон кард.
Чуноне дар изҳороти ин ширкат омадааст, пуштибонии густурдаи системаи омил то соли 2020 идома ёфта, ба он барузсозии қисми бехатарӣ ба таври ройгон ва ислоҳи пулакии камбудҳои пайдошуда ворид мешавад.
Инчунин, баъзе барномаҳои дигар, аз он ҷумла, Windows Server 2008, Windows Phone 7.8, Windows Storage Server 2008, Exchange Server 2010 ва Dynamics аз моҳи январи соли оянда ба пуштибонии густурда мегузаранд. Дар баробари ин, пуштибонии бастаҳои барномавии дигар, аз он ҷумла Host Integration Server 2004, Internet Security и Acceleration Server 2004, Systems Management Server 2003, Visual FoxPro 9.0 ва Windows CE 5.0, қатъ хоҳад шуд.
Баҳори соли ҷорӣ ширкат дар бораи қатъи пуштибонияш аз Windows XP-р низ эълон карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |