Гуфтугӯи Владимир Путин бо Саймуъмин Ятимов дар Маскав ва...
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 10 июл дар Маскав бо Саймуъмин Ятимов -- раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва сарони дигари ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти ҷосусии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мулоқот мекунад.
Ин мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 13-уми сарони ниҳодҳои амниятии ИДМ сурат гирифта ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Русия интизор меравад, Путин масоили мубрами амнияти минтақаро дар миён гузорад. Мавзӯи меҳварии мулоқот таҳдидҳо ба қаламрави ИДМ ва ҳар як кишвари созмон дар алоҳидагӣ арзёбӣ мешавад.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки ахиран Ятимов ба масъалаи амнияти Тоҷикистон дахл карда, изҳор дошт, вақтҳои охир кишвари мо майдони бозиҳои бузурги геополитикию идеологӣ шудааст. Ӯ, ки рӯзи 19 июн дар конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" суҳбат мекард, афзуд, “баъзеҳо гоҳҳо, таъкид мекунам, гоҳҳо зери пӯшиши ташкилоти ғайридавлатӣ аз усулҳое истифода мекунанд, ки ба амнияти кишвари мо зарба мезананд.” Генерал Ятимов илова кард, “эҳтироми зиёдеро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мафҳумҳои демократӣ қоилем, аммо амнияти давлат воло аст.”
Дар қатори генерал-лейтенант Саймуъмин Ятимов, инчунин, раҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) -- Александр Бортников, котиби Шӯрои амнияти Русия -- Николай Патрушев, вазири умури хориҷии Русия -- Сергей Лавров, вазири амнияти миллии Озарбойҷон -- Элдар Маҳмудов, раҳбари хадамоти амнияти миллии Озарбойҷон -- Акопян Горик, сардори КГБ-и Белорус -- Вакулчик Валерий, раҳбари Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон -- Нақисбеков Адамгалӣ, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон -- Табалдиев Бусурманқул, раҳбари Хадамоти иттилоот ва амнияти Молдова -- Балан Михаил ва ноиби раҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон -- Мухтор Ниёзов дар мулоқоти Путин иштирок мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |