Бахшҳо

Кумакхоҳии Бахтовар Сафаров, ки дар Русия аз ошёнаи 10 афтодааст

Бахтовар Сафаров, сокини 19-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, тобистони соли гузашта барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба шаҳрҳои Красноярску Маскави Русия рафта, аммо аз он ҷо бо дасту пои шикаста ба хонаашон баргашт. Ҳоло ӯ ҳамроҳи хонаводааш, ки фақирона дар манзили иҷора ба сар мебаранд, зиндагӣ дорад.

Бахтовар мегӯяд, ҳангоми кор дар Маскав аз ошёнаи даҳум ба зер афтода, тамоми аъзои баданаш шикастаанд. “Субҳ аз хоб хеста, ғамгин будам. Наҳорӣ карда, хостам ба поёни сохтмон фароям, аммо тақдир маро хеле осон ба фаровард. Аз ошёнаи даҳум ба замин афтодам ва вақте ба ҳуш омадам, фақат мегуфтам, Аллоҳ, маро ба бандагӣ қабул кун”,-нақл кард мусоҳиби мо.

Кумакхоҳии Бахтовар Сафаров, ки дар Русия аз ошёнаи 10 афтодаастБа нақли Бахтотвар баъдан ҳамкоронаш ӯро ба бемористон бурдаанд. “22 рӯз дар ҳоли беҳушӣ будам”,-мегӯяд Бахтовар. Мусоҳиби мо афзуд, дар рӯзи 23-юми аз ошёнаи даҳум афтоданаш ба худ меояд ва ӯро дар ҳоли, ба қавли худаш, ниммурдаву нимзинда рӯзи 13 январи 2014 ба кишвар меоранд. “Аввал ба Қарияи Боло оварданд. Аммо ба далели он ки маблағ надоштем, ба хона омадем”,-гуфт ӯ. Инак, ҳашт моҳ мешавад, ки Бахтовар, писари танҳои хонавода, дастнигар буда, аз ҷои худ хеставу роҳ гашта наметавонад. Табибон гуфтаанд, сутунмуҳра ва ҳароммағзи ӯ кафидаасту аз ҳамин сабаб то ҷарроҳӣ нашавад, шифо намеёбад.

“Падарам дар ҳеч ҷой кор намекунад. Модарам ба аммаам, ки дар бозор дӯкони самбӯсафурӯшӣ дорад, ёрӣ мерасонад ва дар иваз миқдоре пул мегирад”,-нақл кард Бахтовар бо чашмони ашколуд. Ҳоло Бахтовар ба як сахтӣ суҳбат мекунад, чун ба қавли табибон шушаш низ варам карда, ба нафасгириву гап заданаш халал мерасонад.

Падари Бахтовар ҳаррӯз ба ивази қарз ба 30-40 сомонӣ барои писараш доруҳои мухталиф меорад, вале намедонад, ин ҳамаро чигуна бозпас хоҳад дод. Бахтовар мегӯяд, барои ҷарроҳӣ карданаш агарчӣ кӯшиш кард, аммо пул наёфт ва ахиран ба раиси ноҳияи Восеъ барои дарёфти ёрӣ ариза навиштааст. “Интизорем, ки рӯзе мешаваду раиси ноҳия дари моро мекӯбад ва барои ҷарроҳӣ дар моҳи Рамазон ёрии худро хоҳад расонд”,-мегӯяд Бахтовар Сафаров.

Агар касе аз хонандагон имкони кумак ба Бахтоварро дорад ва ё мехоҳад, аз ҳоли ӯ бипурсад, метавонад ба шумораи 93 468 71 68 занг занад.
Мӯҳр
Дар ин мохи мубораки Рамазон аз Худованд барои Бахтовари чавон шифои комил орзу дорам ва бовари дорам, ки сохибкорони бонангу номуси ватан кумакаш мекунанд.

Ilyos
Худо дар хамин мохи Рамазони буузур аз хазонаи гайбат бар ин бародар ва дигар беморон шифои комилу очил насиб гардон.

ташакур мекунам аз озодагон ки дар ин мохи муборак чунин амалхои некро барои мардум фарохам меорад барои Бахтовар сабру токату саломатиро хохонем ИНШОААЛЛОХ ба кумакаш мепардозем

бародарони азизам агар шахсе аз шумо тавонад кумак карда барои дустам аз хама хохиш менамоям ёрии худро дарег надоредДиловар,

Бародари азиз, бехтар мешуд агар суратхисоби бонки дар нохия е хубтараш як картаи пластики мекушоден ракамоша кайд мекаден / хатман ердам мекадем Иншоаллох , барои ки ин бародар дар н. Восеъ зиндаги мекардаст /

Абдулло
Касам ба Худо хангоми ин матлабро хондан чашмонам пур аз ашк шудаву ба худ гуфтам эй кош Худовад пулдорам мекарду ба ин бародари музлим кумак мекардам. Лекин аз дасти банда хаминкадар меояд дуъои хайр Аллохи мехрубон шифои коми атто фармоядат. Ва бовари дорам, ки кормадони вазорати тандурусти ва вазири тандурусти баъди ин матлаб ба доди шумо мерасаду ба шумо кумак мекунанд...

раиси нохияата худо инсоф дихад вай хеши ки бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)