Тағоймуродов дар бораи нархи об, садамаи писараш ва қарзи ТАЛКО
Алимурод Тағоймуродов, роҳбари кулли “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” (ЖКХ) мегӯяд, ояндаи наздик нархи об дар кишвар боло хоҳад рафт.
Раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, таъруфа (тариф, тарофа)-ҳои ҳозираи обро зиёновар донист. Ӯ хизматрасонии оби ошомиданиро дар навоҳии кишвар мисол овард, ки арзиши аслии он 2,2 сомониро ташкил медиҳад: “Аммо мо аз шаҳрвандон дар навоҳии Тоҷикистон ҳамагӣ 80 дирам ҳаққи обро мегирем, ки бар зарар аст. Ин нархҳо бояд ҳадди ақал ба арзиши аслии хизматрасонӣ баробар карда шаванд.”
Тағоймуродов дар қатори қарздорҳои калон аз об корхонаи алюминиюми тоҷик - ТАЛКО-ро ном бурд. Дар маҷмуъ, Тағоймуродов таъкид намуд, ки барои таъмини пурраи мардуми Тоҷикистон бо оби ошомидании тоза 1 миллиарду 700 миллион доллар зарур аст ва барои амалӣ намудани ин кор ҳудуди 80 сол лозим меояд.
Раиси корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” дар мавриди садама бо иштироки писараш, ки шоми 23 ноябри соли 2013 иттифоқ уфтода, ду кушта барҷой гузошт, изҳор дошт, ҳанӯз таҳқиқоти ин қазия анҷом наёфтааст. Ӯ бори дигар таъкид намуд, писарашро дар он садама гунаҳкор намеҳисобад: “Боқӣ тафтишот ва додгоҳ муайян хоҳанд кард, кӣ гунаҳкор аст.”
Қаблан Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ронандаи “Тойота Ландкрузер”, Бахтиёр Тағоймуродов, ки писари Алимурод Тағоймуродов, собиқ раиси ноҳияи Восеъ, муовини раиси Хатлон ва айни ҳол мудири кулли корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошад, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи "Мерседес-Бенз", таҳти идораи ронанда Максим Зохови 27-сола бархӯрдааст.
Ба иттилои БДА, дар пайи ин бархӯрд, Мерседес ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо «Опел Астра» бармехӯрад, ки дар натиҷа ду мусофири мошини "Опел Астра" ба ҳалокат мерасанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |