Рақиби Олмон дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 маълум шуд
Дидори тимҳои миллии Аргентина ва Ҳолланд дар доираи даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 ба нафъи аввалӣ анҷом ёфт.
Вақти асосӣ ва иловагӣ мусовӣ - 0:0 шуд. Ғолиб аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра маълум гардид. Дарвозабони аргентинӣ Серхио Роме тӯби Рон Вларро баргардонд. Аргентиниҳо бошанд, тӯбро бехато ба нишон заданд. Уэсли Снейдер, бозигари Ҳолланд, зарбаи севумро ба нишон расонида натавонист. Баъди зарбаи чорум ва нишонраси аргентиниҳо силсилаи пеналтӣ пешакӣ хотима ёфта, тими миллии Аргентина бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.
Дар финал, Аргентина бо Олмон рақобат мекунад. Аммо Ҳоланд ва Бразилия, ки аз олмониҳо бо ҳисоби бузурги 1:7 шикаст хӯрд, барои ҷои сеюм мубориза хоҳанд бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |